Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Хатлон 10 нафар барои афсунгарӣ ва нашри хурофот боздошт шуданд
Мақомоти корҳои дохилии Хатлон мегӯянд, дар натиҷаи як қатор амалиёти тафтишотӣ бар зидди амалҳои марбут ба ҷодугарӣ, фолбинӣ ва дигар шаклҳои хурофот 10 нафар боздошт шудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Мавридҳои ошкоршуда дар ноҳияҳои Шаҳритус, Ҷайҳун, Восеъ, Балҷувон, Данғара, Носири Хусрав ва шаҳри Кӯлоб сабт шудаанд. Мақомот мегӯянд, ин шахсон ба фиреб ва қаллобӣ машғул шуда, нисбати баъзеи онҳо парвандаи маъмурӣ ва нисбати баъзеи дигар парванди ҷиноятӣ боз шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ 8 нафари боздоштшуда тиқби моддаи 482 –и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (анҷом додани фаъолияти ҷодугарӣ ва фолбинӣ) ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Аз ҷумла, нисбати Мамадайха Нурубулоев (1962), ноҳияи Ҷайҳун, Сафаргул Имомова (1968), ноҳияи Ҷайҳун, Хидоят Абдуллоева (1980), ноҳияи Шаҳритус, Мирзомудин Ятимов (1961), ноҳияи Ховалинг, Холби Давлатова (1966), шаҳри Кӯлоб, Сайранби Шокирова (1961), ноҳияи Данғара, Абдусалим Иброҳимов (1958), ноҳияи Восеъ, Бибирокия Каршиева (1971), ноҳияи Носири Хусрав парванда боз шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳамчунин, ду нафар Холмурод Турахонов (1978) аз ноҳияи Шаҳритус ва Шодигул Сафарова (1968) аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои такрор намудани қонуншиканӣ тибқи моддаи 240, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Мақомот мегӯянд, бо вуҷуди огоҳсозиҳои пайваста, баъзе аз шаҳрвандон ҳамоно ба шахсони фолбин ва табибони мардумӣ муроҷиат мекунанд, ки ба гуфтаи мақомот бисёр вақт боиси фиреб ва сӯистифодаи молии мардум мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”