Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муҳлати таҳсили кадом ихтисосҳо дар коллеҷҳо як сол кам мешавад?
Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо барои толибилмони баъзе ихтисосҳо як сол кам мегардад.
Манбаъ афзуд, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ” қонуни нав муҳлати таҳсил барои шахсоне, ки таҳсилоти асосии синфи 9-ро доранд аз 4 сол ба 3 сол ва барои шахсоне, ки таҳсилоти миёнаи умумии синфи 11-ро доранд аз 3 сол ба 2 сол расонида мешавад.
Зикр гардид, ки дар соли таҳсили 2025-2026 муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии равияҳои омӯзгорӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ ва варзиш кам гардида, муҳлати таҳсил дар дигар равияҳо 4 сол (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва 3 сол (дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ) ба роҳ монда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) амал фаъолият доранд, ки дар онҳо аз рӯйи 10 самт, аз ҷумла омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ ва ҳуқуқ кадр омода карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”