27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
31.07.2025 08:27

944,6 миллион кВт-соат. Истеҳсоли неруи барқ дар кишвар афзудааст

Дар нишасти хабарӣ муовини директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи тоҷик” Абдулло Қурбонзода иттилоъ дод, ки давоми шашмоҳаи соли равон дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии “Барқи тоҷик” ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ беш аз 8,9 миллиард кВт-соатро ташкил намудааст.

Манбаъ афзуд, ки истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ беш аз 8,3 миллиард кВт-соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ 858,9 миллион кВт-соат таъмин карда гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 944,6 миллион кВт-соат зиёд аст.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ҷамъият дар маҷмуъ 34,3 миллион кВт-соат ё ин ки 0,39 фоизи барқи истеҳсолшударо ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллион кВт-соат ё 0,05 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар нишасти хабарии “Барқи Тоҷик” маълумот дода шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар мамлакат ба 812,6 ҳазор Гкал баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 29,7 ҳазор Гкал зиёд гардидааст.

Ҳамзамон, масъулини Шабакаҳои тақсимоти барқ сабаби қатъи нерӯи барқ дар фасли тобистонро дар гармии аз меъёр зиёд иброз доштанд. Илова бар ин, омили дигареро низ гуфтанд, ки ба роҳандозии 4 лоиҳа дар кишвар рабт дорад ва барои иҷрои корҳои он интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад: бобарқтаъминкунии деҳот бо 6,5 млн доллар, барномаи рушди соҳаи энергетика бо 95 млн доллар, CASA-1000 бо 15 млн доллар ва кам кардани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.