27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
30.07.2025 17:22

Дар Тоҷикистон 34 ҳазор нафар расман бекор мебошанд

Дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 33 ҳазору 802 нафар расман ҳамчун бекор сабт шудаанд. Дар баробари ин, шумораи умумии шахсони корҷӯ ба 62 ҳазору 399 нафар расидааст.

Дар ин бора Солеҳа Холмаҳмадзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар рӯзи 30-уми июл дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи вазир, рақамҳои пешниҳодшуда фақат шумораи шаҳрвандонеро дар бар мегиранд, ки ба таври расмӣ дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ худро сабт кардаанд. Вале эҳтимол меравад, ки теъдоди воқеии бекорон дар кишвар аз ин бештар бошад.

Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид намуд, теъдоди умумии шахсоне, ки феълан дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт фаъолият доранд, 2 миллиону 748 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳанд.

Қаблан, бар асоси иттилои Агентии омори Тоҷикистон, то охири соли 2024 дар кишвар 51 ҳазору 400 нафар бекор ба қайд гирифта шуда буданд, ки 1,9 фоизи неруи кориро ташкил медод. Ин нишондод нисбат ба моҳи декабри соли 2023 6,3 фоиз бештар будааст.

Солеҳа Холмаҳмадзода дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар се моҳи аввали соли 2025 дар кишвар 42 ҳазору 812 ҷойи корӣ, аз ҷумла доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ, таъсис дода шудааст.

Тибқи иттилои Вазорат, 23 ҳазору 766 ҷойи корӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт ва 19 ҳазору 46 ҷой дигар ба бахши хизматрасонӣ тааллуқ доранд. Бо вуҷуди талошҳои давлат барои ташкили ҷойҳои корӣ Тоҷикистон ҳанӯз ҳам бо мушкили бекории расмӣ ва норасоии ҷойи кор барои ҷавонон ва муҳоҷирони бозгашта аз муҳоҷират рӯ ба рӯ мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.