Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бекорон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба кор таъминшудагон дар рақамҳо
Бинобар иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 79 ҳазору 870 нафар шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора ба 33 ҳазору 802 нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ 41 ҳазору 205 нафар шаҳрванди бекор ва мухоҷирони меҳнатӣ бо ҷойҳ кории доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд.
Холмаҳмадзода Солеҳа, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ илова намуд, ки дар шаш моҳи соли равон тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 4640 нафар, корҳои фардӣ 1199 нафар, тариқи ҷалб ба корҳои ҷамъиятии музднок 3478 нафар бо кор таъмин гардиданд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 42 ҳазору 812 ҷойи нави кор, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст, ки аз ҷумла 18 ҳазору 798 ё ҷойи кори доимӣ, 11 ҳазору 177 ҷойи корӣ муваққатӣ ва 12 ҳазору 18 ҷойи кори муваққатӣ мебошад.
Афзуда шуд, ки дар ин давра тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 9 ҳазору 179 нафар дар марказҳои таълимӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуда, ба 9 ҳазору 550 нафар кӯмакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардид.
Дар нишаст гуфта шуд, ки шумораи аҳолии машғул ба кор ба ҳолати 1-уми майи соли 2025 беш аз 2,7 млн нафарро ташкил медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”