Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ба шаҳри Душанбе 11 ҳазор электромобил ворид шуд
Бо мақсади амалӣ намудани “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028”, ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор воситаи нақлиёти барқӣ –электромобил ворид карда шуд.
Дар бораи ин иқдоми муҳим рӯзи 25-уми июл дар ҷараёни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд. Муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе, ҷаноби Бахтиёр Шарифӣ зикр кард, ки ҳамзамон бо ворид кардани нақлиёти барқӣ 400 дастгоҳ ва таҷҳизоти махсуси пуркунандаи қувваи барқ низ ба пойтахт оварда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин таҷҳизот дар нуқтаҳои махсуси шаҳр васлу насб хоҳанд шуд ва барои таъмини босамари ҳаракати электромобилҳо чораҳои зарурӣ фароҳам меоранд.
Дар доираи ҳамин нишасти матбуотӣ ҳамчунин, таъкид шуд, ки дар заминаи рушди ҳукумати электронӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо дар бахши иқтисоди рақамӣ, феълан лоиҳаи “Digital Dushanbe” (гузариши ҳуҷҷатгузории электронӣ) дар 221 зерсохтори мақомоти давлатӣ ҷорӣ гардид, ки зиёда аз 1070 утоқи кориро дар бар гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ” дар Тоҷикистон бар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21-уми декабри соли 2021 таҳия шуда, онро Вазорати нақлиёт таҳия кардааст. Барнома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2022 расман ба тасвиб расидааст”.
Бар асоси ин барнома дар ҷумҳурӣ яксилсила тадбирҳои муҳимми стратегӣ, аз ҷумла таъсиси пойгоҳҳо барои истеҳсоли электромобилҳо ва ҷузъҳои онҳо, сохтмони инфрасохтори пуркунии барқ ва хизматрасонии техникӣ, таҳияи технологияҳои пешрафта барои истифода ва нигоҳдории батареяҳо, пешкаш намудани имтиёзҳои андозию молиявӣ барои ронандагони нақлиёти барқӣ ва ташкили маҷмуи чораҳо баҳри рушди устувори нақлиёти “сабз” пешбинӣ шудааст.
Ин иқдом як қадами муҳим дар роҳи гузариш ба иқтисоди сабз, коҳиши ифлосшавии муҳити зист ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми пойтахт ба шумор меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”