27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
30.07.2025 15:34

Ғазза дар чанголи сахти гуруснагӣ

Дар ҳоле, ки ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режими Исроил бар зидди мардуми бегуноҳи Ғазза ҳамоно идома доранд, як ниҳоди назоратӣ таҳти ҳимояи Созмони Милали Муттаҳид бо нашри баёнияе ҳушдор дод, ки “қаҳтӣ ба таври расмӣ дар Навори Ғазза рӯй дода истодааст ва ҳазорон кӯдаки фаластинӣ аз камғизоии шадид ранҷ мекашанд”.

Дар ин замина Созмони ташаббуси дараҷабандии амнияти озуқаворӣ эълон кард, ки кумакҳои ҳавоӣ ба Ғазза наметавонанд аз вуқуи “фоҷеаи башарӣ”-и густурдае, ки дар саросари ин минтақа дар ҳоли шакл гирифтан аст, пешгирӣ кунанд. Ин гурӯҳ, ки вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид аст ва назорат бар камғизоиро дар Ғазза ба уҳда дорад, таъкид мекунад: “бадтарин сенарияи қаҳтӣ ҳоло дар Навори Ғазза рух дода истодааст”.

Нуқтаи муҳим ин аст, ки ба гуфтаи ниҳодҳои ҳуқуқи башар ин қаҳтӣ “сунъӣ” буда, бо бастани роҳҳои кумакрасонӣ аз ҷониби режими Исроил ба вуҷуд омадааст ва ҳадафи сиёҳи ҳукумати ҷангии Исроил фишор овардан ба мардуми гуруснаи Ғазза аст, то аз ҳаракати муқовимати исломӣ ҷудо шаванд. Аммо ин хаёлҳои Исроил борҳо бо ҳимояти густурдаи фаластиниҳо аз ормони двизияи Иззудин Қассом нобуд шудаанд.

Ҳамзамон бо нокомии Тел-Авив дар барангехтани тафриқа миёни мардум ва Ҳамос дар навори Ғазза Вазорати тандурустии Ғазза дирӯз бо пахши баёния эълон кард, ки аз 7 –уми октябри соли 2023 то кунун, ҳадди аққал 60 ҳазору 34 фаластинӣ дар натиҷаи ҳамлаҳои режими Исроил шаҳид шудаанд ва беш аз 145 ҳазор тани дигар маҷруҳ гаштаанд. Бо вуҷуди ин, мардум аз байъати худ бо муқовимати фаластинӣ рӯй нагардондааст.

Шиддати қаҳтӣ дар соҳили шарқии Баҳри Миёназамин ба ҳадде расидааст, ки Расс Смит, мудири бахши фавқулодаи Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Женева ба хабарнигорон гуфт: “Ин вазъият бо ҳич яке аз буҳронҳое, ки дар ин қарн шоҳид будем, қобили муқоиса нест ва мо ҳатто ба ёди фоҷеаҳои Эфиопия ва ҷануби Нигерия дар қарни гузашта меафтем”.

Соли 2004 Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барномаи “Дараҷабандии якпораи амнияти ғизоӣ” –ро барои назорати ҷаҳонии гуруснагӣ таҳия кард. Ин барнома ҳоло ба меъёри аслии шиносоии қаҳтӣ табдил ёфта ва панҷ марҳиларо дар бар мегирад.

Бар асоси арзёбиҳои ниҳоди “IPC” ҳоло Навори Ғазза дар марҳилаи 5, яъне вазъияти фоҷеабор ва бадтарин сатҳи буҳрони ғизоӣ қарор дорад. Шоҳидон мегӯянд, ки дар минтақаҳое чун Байт Лоҳиё ва Хон Юнус нишонаҳои қаҳтӣ, аз ҷумла камғизоии шадид, фавт ва камбудии комили ғизо қариб, ки пурра ба воқеият табдил ёфтааст.

Бо ҳадафи муқовимат ба наслкушии артиши ишғолгари Қудс, ба гузориши хабаргузории Шаҳоб, Ҷунбиши муқовимати исломӣ, Ҳамос дар баёнияе таъкид намуд: “Мо хостори шиддат бахшидани шуриши мардумии ҷаҳонӣ дар рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе ва ҳама рӯзҳои оянда бар зидди таҷовузи ваҳшиёнаи режими Исроил ва наслкушии ошкор дар Ғазза ҳастем”.

“Бо лаббайк ба нидои фармондеҳи шаҳид Исмоил Ҳания шаҳиди зиндаи Фаластин ва уммати исломӣ рӯзҳои якшанбе, 3-уми августро ба ҳайси Рӯзи ҷаҳонии ҳимоят аз Ғазза, Қудси Шариф, Масҷидул-ақсо ва асирони мазлуми фаластинӣ гиромӣ дорем”.- зикр шудааст дар баёния.

Ҳамос бо ишора ба хомӯшии созмонҳои байналмилалӣ дар баробари ҷиноятҳои режими Исроил афзуд, “мо аз миллатҳои озод мехоҳем, ки ҳамаи шаклҳои эътироз, тазоҳурот ва иттиҳодро дар назди сафоратхонаҳои режими Исроил, Амрико ва дигар ҳукуматҳои ҳомии ин ишғолгари хунрез баргузор кунанд, то замоне, ки мошини ҷанг ва муҳосираи Ғазза ба таври комил қатъ гардад”.

Раванди танҳо мондани режими Исроил, ки бо пуштибонии озодихоҳони ҷаҳон дар тазоҳуротҳо ҳамроҳ шуд, бо мухолифати баъзе аз сиёсатмадорони аврупоӣ ҳам шиддат гирифт. То ҷое, ки 58 сафири пешини Иттиҳоди Аврупо дар номае ба сарони Шуро, Комиссия, Парлумон ва масъули сиёсати хориҷии иттиҳодия хостори қатъи фаврии таҷовузҳои Исроил ба Навори Ғазза ва вокуниши ҷиддӣ нисбат ба амалҳои ғайриқонунии он дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ шуданд.

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.