Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кишварҳои арабӣ Ҳамосро маҳкум ва хостори халъи силоҳу поёни ҳукмронии он дар Ғазза шуданд
Дар як иқдоми бесобиқа кишварҳои арабӣ ҳамроҳ бо Иттиҳоди Аврупо бо нашри як баёния хостори халъи силоҳи Ҳамос ва поёни ҳукмронии ин гурӯҳ дар Навори Ғазза шуданд.
Изҳороти ин кишварҳо дар ҳамоише бо ҳадафи ташкили ду кишвар бо номҳои Исроил ва Фаластин эҷод гардид. Дар маҷмуъ 17 кишвар, аз ҷумла ниҳодҳои байналмилалӣ аз матни ин изҳорот ҳимоят намуданд.
“Дар доираи хотима бахшидан ба ҷанг дар Ғазза Ҳамос бояд ба ҳумкронии худ дар Ғазза хотима бахшад ва силоҳҳои худро ба маъмурияти худгардони Фаластин таслим намонд, бо ҳамкории байналмилалӣ ва ҳимояти ҷаҳонӣ ва бо ҳадафи таъсиси давлати мустақил ва соҳибихтёри Фаластин”- зикр шудааст дар изҳорот.
Ин изҳорот ҳамчунин, ҳамлаҳои маргбори Ҳамос дар 7-уми октябри соли 2023 бар зидди Исроилро, ки ба оғози ҷанги ахир сабаб шуд, маҳкум мекунад.
Дар ҳамин ҳол Жан Ноэл Баро, Вазири корҳои хориҷии Фаронса, ки кишвараш бо Арабистони Саудӣ ҳамраиси он буд, ин изҳоротро “таърихӣ ва бесобиқа” арзёбӣ карда, гуфт: “Барои бори аввал кишварҳои арабӣ на фақат Ҳамос ва рӯйдодҳои 7-уми октябрро маҳкум карданд, балки хостори халъи силоҳ ва хориҷ кардани он аз сохтори ҳокимияти Фаластин шудаанд ва алоқаи худро ба одӣ кардани муносибатҳо бо Исроил баён намудаанд”.
Амрико дар ин қазия ҳамроҳи кишварҳо нест ва дипломатҳои он аз ин тасмим ҳимоят накардаанд. Ин санад аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Фаронса, Британия ва Канада низ имзо шудааст ва дар он пешниҳод шуд, ки баъд аз анҷоми даргириҳо як неруи байналмилалӣ барои таъмини субот дар Ғазза мустақар гардад.
Дар ин нишаст ва ҳампаймони асосии он Иёлоти Муттаҳида ширкат наварзидаанд. Бо ин вуҷуд дар изҳорот таъкид мешавад, ки неруи байналмилалӣ бояд “бо даъвати маъмурияти худгардони Фаластин ва зери назорати Созмони Милали Муттаҳид, дар доираи принсипҳои он ва бо иҷозаи Шурои амният бо ҳимояти муносиби минтақавӣ ва байналмилал амал кунад.
Тибқи гузориши расонаҳо ин изҳорот нуқтаи гардише дар мавқеи кишварҳои арабӣ нисбат ба Ҳамос ва раванди сулҳи Ховари Миёна арзёбӣ мешавад ва метавонад роҳи наверо барои музокироти сиёсиву амниятии ояндаи минтақа ҳамвор созад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”