27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
30.07.2025 08:19

Хоманаӣ: “Миллати Эрон дину донишашро ҳаргиз раҳо нахоҳад кард”

Дирӯз ба муносибати чилумин рӯзи шаҳидони ҷанги таҳмилии 12-рӯзаи режими Исроил бар зидди миллати Эрон маросими бузургдошти онҳо, бо ҳузури роҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ доир гардид. Дар ин маросим оилаи шаҳидон, намояндагони табақаҳои мухталифи мардум ва ҷамъе аз масъулони давлатӣ ширкат намуданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар суханронии худ ҷанги ахирро нишонаи ирода ва тавоноии Ҷумҳурии Исломии Эрон донист ва таъкид кард, ки душманон асосан бо имон, дониш ва ваҳдати миллати Эрон мухолифат доранд.

“Миллати мо, бо кумаки Худо ҳеч гоҳ роҳи таҳкими имон ва густариши донишҳои гуногунро тарк нахоҳад кард ва Эронро ба авҷи тараққӣ ва ифтихор хоҳем расонд” – зикр намуд Оятуллоҳ Хоманаӣ.

Роҳбари инқилоб бо тасаллияти дубора ба хонаводаҳои шаҳидони низомӣ, донишмандон ва мардуми бегуноҳе, ки дар ин ҷанг ба шаҳодат расиданд, гуфт: “Миллати Эрон дар ин 12 рӯз, ба ҷуз ифтихори бузург, ирода ва қудрати худро ба ҷаҳон нишон дод, ки дар муқобили душман сар фуруд намеорад”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин, аз устувории беназири пояҳои Ҷумҳурии Исломӣ ёдовар шуд ва афзуд, ки ин ҷанг на аввалин буд ва на охирин. Ҷумҳурии Исломӣ дар 46 соли ахир аз ҷанги 8-солаи таҳмилӣ то фитнаҳо ва кудатоҳо, ҳама гуна тавтиаҳои душманро хунсо кардааст.

“Асоси Ҷумҳурии Исломӣ бар ду пояи дину дониш қарор дорад ва мардуму ҷавонони Эрон бо такя ба ҳамин ду асос душманро дар саҳнаҳои мухталиф ба ақибнишинӣ водор кардаанд ва дар оянда низ ҳамин тавр хоҳад буд” – зикр кард Оятуллоҳ Хоманаӣ.

Роҳбари Эрон мухолифати аслиии истикбори ҷаҳонӣ, бахусус Амрикоро бо Ҷумҳурии Исломӣ бархостани сухани нав ва тавоноии илмию маънавии он дар арсаҳои мухталифи инсониву фаннӣ ва динӣ дониста, афзуд: “Гап аз ҳастаӣ ва ҳуқуқи башар фақат баҳона аст”.

“Мо қадамҳои бузург бар хоҳем дошт ва ба нури Худо Эронро ба ҷойгоҳи баланди илмӣ ва маънавӣ хоҳем расонд” – гуфт Оятуллоҳ Хоманаӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.