Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Толибон дар се ҳафта 15 журналистро дар Афғонистон боздошт кардаанд
Маркази хабарнигорони Афғонистон рӯзи душанбе бо нашри як изҳорот аз мавҷи нави боздошти хабарнигорон ва фаъолони расонаӣ аз ҷониби маъмурони “амри маъруф” ва идораи истихбороти Толибон изҳори нигаронӣ кардааст. Ба гуфтаи ин марказ, феълан 15 нафар хабарнигорон ва кормандони расонаӣ дар боздошт қарор доранд.
Тибқи гузориши расмии ин марказ, ду ҳафта қабл як хабарнигор ва ду фаъоли расонаӣ бо иттиҳоми баргузории дарсҳои омӯзишӣ барои духтарон боздошт ва барои бозпурсӣ ба дастгоҳи истихбороти Толибон интиқол дода шудаанд. Қабл аз он як шахс дар маҳаллаи Картаи сеи Кобул бо гумони таҳия ва дастгирии техникии вебсайтҳои хабарии мустақар дар хориҷ боздошт ва ба боздоштгоҳи амниятии Толибон интиқол ёфт.
Ҳамчунин, як хабарнигори маҳаллӣ дар яке аз вилоятҳои Афғонистон боздошт шуда, пас аз ду рӯз бо таҳия кардани санади замонат ва шартҳои сахти Толибон озод шуд. Марказ ҳамчунин, дар гузориши худ зикр кард, ки кормандони идораи истихборот ва амри маъруф ба дафтари ширкати расонаии Пиксел ҳамла карда, масъули ширкат ва муовини ӯро боздошт ва таҷҳизоти он, аз ҷумла камераҳо, компютерҳо ва воситаҳои захираи иттилоотро мусодира кардаанд.
Пас аз он дафтари амри маъруфи Толибон видеое нашр кард, ки дар он боздоштшудагон дар бораи дубляжи сериёлҳои хориҷӣ “эътироф” мекунанд. Ин марказ таъкид намудааст, ки чунин “эътирофҳо” зери фишор гирифта шудаанд ва бо меёрҳои байналмилалӣ мутоқибат надоранд.
Маркази хабарнигорони Афғонистон ин боздоштҳоро шадидан маҳкум карда, аз Толибон талаб намуд, ки ҳамаи боздоштшудаҳоро бидуни қайду шарт озод кунанд ва ба озодии матбуот эҳтиром гузоранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад