Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Агентӣ: Нашъаманд каму ҷинояти вобаста ба маводи нашъадор афзудааст
Самад Зафар, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 29-уми июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳудиди Ҷумҳурии Тоҷикистон 534 ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 ҷиноят ё 27,4 фоиз зиёд мебошад.
Манбаъ афзуд, ки дар соли 2025 ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор 4 фоизи ҷиноятҳои умумиро ташкил додааст.
Масъулин иброз доштанд, ки давоми соли равон дар кишвар 3 тоннаву 107 кило маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 10 килову 388 грам зиёд мебошад.
Ҳамчунин, дар нишаст гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ сатҳи нашъамандӣ коҳиш ёфта, шумораи нашъамандони дар қайди расмибуда 4002 нафарро ташкил медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”