27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Далер Мирхонов: Театр норасоии зиёд дорад
Далер Мирхонов, ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар суҳбати ихтисосӣ бо Dialog.tj дар бобати мушкилоти театру ҳунармандон, фазову муҳити эҷодӣ ва матолиби нашршуда дар фазои маҷозӣ гуфт, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.
"ТЕАТРИ ОИЛАВӢ"
- Кӯдакӣ ва муҳити хонаводагии шумо чӣ гуна буд?
- Солҳои кӯдакии мо ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост меояд. Ҳама аз пайи як бурда нон буд. Худо кунад, ки он рӯзҳоро насли наврас дар хоб набинад. Модарам ҳамшираи шафқат буданд ва бо шарофати он кас ризқамонро меёфтем.
- Аз он рӯзҳо ба лавхи хотиратон чӣ мондааст?
- Тарс. Дар дилҳо тарс хона карда буд. Замони мактабхонӣ бо шиками гуруста гузашт. Боми мактаб мечакид, синфхонаҳо оина надоштанд, сару либоси мавсимӣ надоштем. Ба фардои офтобӣ қариб, ки боварӣ намонда буд.
- Дар чунин фазову муҳит ба дунёи ҳунар чӣ гуна ворид шудед ва оё аҳли оила ба интихобатон зид набуданд?
- Новобаста ба мушкилоти иҷтисодиву равонӣ, бисёр чаққону тақлидкор будам. Аз кампирҳои деҳа сар карда, то ҳунармандони номдорро тақлид мекардам. Ҳатто дар хона "театри оилавӣ" ташкил карда, ба қавле барои бибиву бародарону хоҳаронам намоишҳои гуногун нишон медодам. Падарам шавқи маро дида, ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода) супурданд. Дар аввал муҳити донишкада бароям ноошно буд ва худамро хуб ҳис намекардам, аммо аз курси дуюм сар карда, ба ин касбу ин муҳит хеле одат кардам.
ҲУНАРМАНДОН ҲАССОС МЕШАВАНД
- Агар ҳунарманд намешудед, кадом касбро интихоб мекардед?
- Ба гумонам, агар ҳунарманд намешудам, шояд муштзан, муштзани хуб мешудам, зеро ҳамроҳи бародари калониам тамрин мекардам. Умуман, аз хурдӣ қавӣ будам.
- Шумо бисёр ҳунарманди соҳибистеъдод ҳастед, нақшҳоятонро табиӣ ва ҷолиб меофаред. Оё барои ҳунари доштаатон шукр мекунед?
- Бале, хеле шукргузорам. Агар заррае муваффақам, заррае ба мардум хизмат кардаам, заррае коре кардаам, ин бешубҳа лутфи Худост. Аслан, ман хушбахтам, ки ҳамкоронам ҳам дар саҳнаи театру кино нақшҳояшонро бо ман табиӣ мебозанд ва ин ҷо саҳми онҳо ҳам бузург аст.
- Актёр аз нигоҳи шумо кист: оне, ки истеъдод дорад, оне, ки заҳмат мекашад ва ё оне, ки дарди худу ҷомеаро ҳис мекунад?
- Истеъдоди Худодод, заҳматкашиву заҳматдӯстӣ ва ҳис кардани дарди ҷомеа бояд дар ҳар ҳунарманд бошад. Истеъдод бидуни заҳмат такмил намеёбад. Дардошноӣ бошад, аз рукнҳои асосӣ дар касби мост, чунки ҳар ҳунарманд дар саҳна бояд дарди қаҳрамонашро ҳис кунад, ба он ворид гардад ва ҳолати равониву ҷисмонии ӯро ба ҷомеа нишон диҳад.
- Дуруст аст, ки ҳунармандон дарду мушкили ҷомеаро эҳсос мекунанд ва барои рафъи он намоишу филм месозанд. Бигӯед, ки дар ҳоли ҳозир дарду мушкили ҳунармандонро ҷомеа ҳис мекунад?
- Бале, мардум дарду мушкили ҳунармандонро ҳис мекунанд. Медонанд, ки қадри ҳунарманд коста шудааст, медонанд, ки маошаш кам аст, медонанд, ки... Вале роҳи ҳалро на ҳама меҷӯянду меёбанд.
- Мегӯянд ҳунармандон хеле ҳассос мешаванд, агар пас аз намоиши театрӣ ё филме кори шуморо танқид кунанд, чӣ гуна қабул мекунед?
- Дуруст аст, эҷодкорон хеле ҳассос мешаванд, аз ҷумла, ман хеле зуд меранҷам. Вақте ки касе ба ман халал мерасонад, бардошт карда наметавонам. Дар мавриди нақд бошад, ҳар навъи танқидро, ки холис аст ва барои беҳбудии кор гуфта мешавад, қабул дорам.
ОРЗУИ АМАЛИНАШУДА
- Театр барои шумо чист? Ҷойи кор, хонаи дуюм ё макони дигар?
- Бовар кунед, дар хона ҳам бо фикру зикри театр банд ҳастем. Шахсан барои ман театр аз ҷойи кор баландтару азизтар аст, зеро дар ин муҳит касоне меистанд, ки худашонро ба ин касбу кор бахшидаанд.
- Чанд сол шуд, ки дар театр кор мекунед? Дар ин муддат оё боре фикр кардед, ки театрро тарк намоед?
- Тӯли 15 сол мешавад, ки дар театр фаъолият мекунам. Муддати ин солҳо бо сабаби сарпаноҳе надоштан фикри тарки театрро карда будам. Аммо аз ду моҳ зиёд бидуни кори театр зиста натавонистам ва боз ба кор баргаштам.
- Ба фикри шумо ҳоло, ки замони интернету телефон аст, театр ва ҳунармандон чӣ гуна ба ҷомеа таъсир расонида метавонанд?
- Театр ва ҳунармандон то андозае рисолаташонро назди ҷомеа иҷро карда истодаанд, вале наметавонем бигӯем, ки мо пеши роҳи фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро пурра гирифта метавонем ва таваҷҷуҳи мардумро ба намоишҳо ҷалб мекунем. Бадбахтона, бархе ба ном блогерон пайдо шудаанд, ки саводи кофӣ, идеяи созанда, кору нияти нек надоранд ва маҳз онҳо ба паст шудани завқи мардум сабаб мешавад. Ҳоло мебинем, ки як навори бемаънову бемантиқ садҳо ҳазор тамошобин пайдо мекунад, вале агар як ғазали Саъдӣ Шерозӣ ё Ҳофизи Шерозиро қироат карда, гузорем, мардум таваҷҷуҳи кам мекунад.
- Вақтҳои охир дар интернет фаъол шудаед. Ин тасмимро чӣ гуна гирифтед?
- Мо як гурӯҳ аз Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов тасмим гирифтем, ки дар фазои маҷозӣ фаъол бошем ва то ҷое дар беҳтар шудани мазмуни матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ саҳмгузор гардем. Мо корро бо гирифтани саҳнаҳои хурди тарбиявӣ шуруъ кардем ва ҳоло пайи таҳияи силсилафилмҳо ҳастем. Мардум ин корро хуб қабул карданд ва кӯшиш мекунем, ки дар ин майдон ба таври касбӣ кор кунем.
- Театр имрӯз чӣ надорад, ки қаблан дошт?
- Театр то андозае мавқеи худро аз даст додааст. Ҳоло театр норасоии зиёд дорад. Масалан, намоиши ба талаботи замон мувофиқ қариб, ки нест. Як намоишро дар як мактаб чанд маротиба нишон медиҳем, ки баъзан хонандагон суханҳоямонро пеш аз мо мегӯянд. Мушкилоти молӣ, норасоии кадрӣ... умуман камбудиҳо зиёданд.
- Бархе ҳунармандон нақши орзуҳо доранд ва бовар доранд, ки тӯли фаъолияташон коргардоне ба онҳо он нақшро медиҳад. Оё шумо ҳам чунин нақши орзуҳо доред ва он нақши кист?
- Албатта, ин орзуро ҳама ҳунармандон доранд. Ман то ҳол ба ин орзу нарасидаам, зеро мехоҳам нақшҳои таърихӣ, аз ҷумла нақши Рустам ва Сиёвушро дар театр иҷро кунам.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”