Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
СММ мегӯяд 97 фоизи мардуми Афғонистон ба фақри энергетикӣ гирифторанд
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки 97 фоизи аҳолии Афғонистон бо фақри шадиди энергетикӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Ин ҳолат ба ҷараёни таҳсил ва хизматрасониҳои тиббӣ таъсири ҷиддӣ расонидааст.
Тибқи ин гузориш, фақри энергетикӣ яке аз монеаҳои аслии зиндагии рӯзмарра ва хидматҳои асосии иҷтимоӣ дар Афғонистон аст. Бо вуҷуди ин, истифодаи сарчашмаи барқароршавандаи энергия, хусусан неруи офтоб дар чандин минтақаи кишвар, махсусан дар марказҳои таълимӣ ва саломатӣ ба як умеди нав табдил ёфтааст. Фақат дар соли ҷорӣ бо кумаки UNDP 23 мактаб воқеъ дар маркази Афғонистон бо панелҳои офтобӣ муҷаҳҳаз шуда, беш аз 10 ҳазору 300 хонанда ба неруи барқ ва омӯзиши босифат дастрасӣ пайдо кардаанд.
Созмони Милал дар гузориши худ таъкид намуд, ки камбуди барқ на фақат зиндагии мардуми одӣ, балки фаъолияти марказҳои муҳимми тиббиро низ ба таври ҷиддӣ халалдор кардааст ва гурӯҳҳои осебпазирро бештар зери хатар гузоштааст.
Ҳамзамон UNDP иттилоъ додааст, ки шуморе аз марказҳои тиббӣ низ ба низоми барқи офтобӣ пайвастаанд, то фаъолиятҳои худро бе вобастагӣ ба шабакаи ноустувори барқи давлатӣ идома диҳанд.
Афғонистон то ҳол асосан ба воридоти неруи барқ аз кишварҳои ҳамсоя такя мекунад, вале ин воридот посухгӯӣ ниёзҳои дохилӣ нест, ҳатто шаҳрҳои калон низ дучори буҳрони ҷиддии энергетикӣ мебошанд.
Ба гуфтаи UNDP густариши истифода аз энергияҳои тоза ва барқароршаванда метавонад роҳи муассир барои мубориза бо ин буҳрон ва беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии миллионҳо сокини Афғонистон бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”