Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Як ҷавони 18-сола дар Искандаркӯл ғарқ шудааст
Дар Искандаркӯл, ки дар шимоли Тоҷикистон воқеъ аст, як ҷавони 18-сола, сокини ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар вақти шиноварӣ дар минтақаи мамнуъ ғарқ шудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофеаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ин ҳодисаи фоҷиавӣ субҳи 27-уми июли соли 2025 тақрибан соати 10:35 ба вақти маҳаллӣ рӯй додааст. Ба иттилои мақомот ҷавони ғарқшуда Каримзода Дилшод, соли таваллудаш 2007, сокини деҳаи Махшевати ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ будааст.
Мувофиқи иттилои Кумита Каримзода Дилшод дар қисмати кӯл, ки шиноварӣ дар он ҷо қатъиян манъ аст, шино мекард. Ин минтақа бо сабаби чуқурии зиёд ва ҷараёнҳои хавфноки зериобӣ чандин бор боиси рӯй додани фоҷиаҳо шудааст.
Баъди расидани хабари ғарқшавӣ сокинон ба намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия муроҷиат кардаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар даъват кард, ки қоидаҳои бехатариро дар мавзеъҳои обӣ риоя кунанд ва аз ворид шудан ба минтақаи мамнуъ барои шиноварӣ қатъиян худдорӣ намоянд.
“Ҷони ҳар як инсон бебаҳо аст”- зикр кард, намояндаи Кумита.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”