27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Барои рушд ва муаррифии кинои тоҷик. Синамогарони 20 давлат ба Душанбе меоянд
Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли ҷорӣ дар дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” синамогарон аз 20 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.
Манбаъ афзуд, ки дар синамоҷашнвора асосан филмҳои бадеӣ ва кӯтоҳ пешниҳод мешаванд. Интихоб ва пешниҳоди онҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамони байналмилалӣ тибқи низомнома анҷом дода мешавад.
Дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои кинои Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон дар доираи дуюмин синамоҷашнвораи мазкур ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ-филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, дарси «Устод ва шогирд» ва Форуми байналмилалии синамоӣ бахшида ба 60-солагии коргадони машҳури тоҷик, барандани Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Бахтиёр Худойназаров дар нақшаи дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе - “Тоҷи Сомон” ворид гардидааст.
Бояд гуфт, ки бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик аз 15-ум то 20-уми октябр дар шаҳри Душанбе Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе - “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”