Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нидерландия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба 5 соли зиндон маҳкум кард
Додгоҳи шаҳри Роттердами Нидерланд 21-уми июли соли равон як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҷалб ва таблиғ ба сафи созмони террористии ДОИШ ба муҳлати 5,5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар ин бора агентии хабарии “Франс-пресс” иттилоъ додааст.
Тибқи иттилоъ маҳкумшуда, ки бо номи Абдусамад А. муаррифӣ гардидааст, дар чанд кишвар, аз ҷумла Нидерланд ба фаъолияти вербовкаи террористӣ машғул буда, эҳтимолан барои омода кардани ҳамлаҳои террористӣ амал мекард. Суд эълон кард, ки ӯ бо шохаи афғонистонии ДОИШ – ДОИШ-и Хуросон робитаи мустақим дошт ва кӯшиш мекард, то маблағҳои зиёдро ба фоидаи гурӯҳи террористӣ ҷамъоварӣ кунад.
Абдусамад А. моҳи июли соли 2023 баъди он ки хадамоти иктишофии Нидерланд ӯро чун як гумонбар дар шомилшавӣ ба ДОИШ муаррифӣ кард, дар шаҳри Эйндховен боздошт шуд. Ҳарчанд дар он вақт нақшаи мушаххаси ҳамла муайян нашуд, мақомоти прокуратура таҳдиди ӯро воқеӣ арзёбӣ намуда, дархости ҳабсро содир намуданд.
Пажӯҳишҳо нишон дод, ки Абдусамад А. узви шабакаи бузурги террористӣ будааст. Полиси Нидерланд дар раванди таҳқиқ бо мақомоти амнияти Олмон ҳамкорӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”