Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Тоҷикистон дар нимсолаи аввал 34 миллион доллар маҳсулот содир кардааст
Дар шаш моҳи аввали соли 2025 содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба 33 миллиону 900 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расид. Дар ин муддат аз кишвар 90 ҳазору 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 200 тонна бештар мебошад.
Дар ин бора имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зуҳурзода хабар дод.
Ба гуфтаи Хуршед Зуҳурзода ҳаҷми бештари содиротро меваи хушк ташкил медиҳад, ки маблағи он 18,2 миллион долларро ташкил додааст. Ҳамчунин, 7, 9 миллион доллар ба содироти меваҷот, 4, 7 миллион доллар ба сабзавот ва 3, 1 миллион доллар ба дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд.
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин давра ба 50 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла ба кишварҳои ҳамсоя ва мамолики дур содир шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”