27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Сабти филми "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" кай оғоз мешавад?
Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” 28-уми июл дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” 1-уми август оғоз мешавад.
Манбаъ афзуд, ки сабт дар павилонҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” оғоз шуда, дар маросими шурӯъи он муовини сарвазири Тоҷикистон, роҳбарияти “Ӯзбекфилм” ва “Тоҷикфилм” ва ҳунармандони ду кишвар иштирок хоҳанд кард.
Ба гуфтаи масъулин, марҳилаи аввали наворгирӣ моҳи август ва сентябр дар Тоҷикистон ва марҳилаи дувум моҳи октябр ва ноябр дар Ӯзбекистон доир мегардад.
Гуфта мешавад, ки ҳоло 40 ҳунарманди ӯзбекистонӣ дар Тоҷикистон қарор доранд ва бояд дар филм нақш офаранд. Ҳамчунин, маълумот дода шуд, ки филми мазкур дар қалъаҳои Балҷувон, Ҳисор, Хуҷанд ва дигар ҷойҳои таърихӣ сабт карда мешавад.
Тибқи нақша филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба муносибати ҷашни Наврӯз барои тамошобинони ҳар ду кишвар манзур мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”