Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Аз норасоии омӯзгорон то беҳбудӣ дар таҳсилоти томактабӣ
Имрӯз, 28-уми июл зимни нишасти хабарӣ масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар соли таҳсили гузашта норасоии беш аз 3800 омӯзгор ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар мактабҳои кишвар бештар норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ ба назар мерасад.
Дар нишаст гуфта шуд, ки нарасидани кадрҳо дар ҳоли коҳиш аст, яъне дар оғози сол шумораи мазкур 4301 нафарро ташкил дода буд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар 130 ҳазору 732 нафар омӯзгор фаъолият доранд, ки аз ин шумора 86 ҳазору 250 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 757 адад расида, дар онҳо 118 ҳазор 392 кӯдак таълиму тарбия мегиранд, ки нисбат ба соли 2024 13 муассиса ва 4422 нафар кӯдак зиёд аст.
Зикр гардид, ки дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 251 ҳазору 753 нафар ё 23,7 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта 3,5 фоиз зиёд мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”