27 Сентябр 2026,
якшанбе, 21:03, Душанбе
28.07.2025 10:33

Шотландиҳо бар зидди Трамп тазоҳурот карданд

Ҳазорон нафар дар Шотландия ва баъзе аз шаҳрҳои Британияи Кабир дар пасманзари сафари Доналд Трамп ба ин кишвар эътироз намуданд.

Расонаҳои ин кишвар хабар доданд, ки Доналд Трамп бо сафари панҷрӯза вориди Шотландия шуд ва бо сарвазири Британияи Кабир Кир Стармер мулоқот хоҳад кард. Ҳамчунин, ӯ дар поёни соли ҷорӣ сафари дигари расмӣ ба Британияи Кабир анҷом дода, бо шоҳи ин кишвар Чарлес 3 дидор хоҳад кард.

Дар робита ба масъалаи вуруди Доналд Трамп ба Шотландия тазоҳуроти зиёде дар се шаҳри бузурги ин кишвар – Эдинбург, Абердин ва Дамфрис доир гардид. Муқобилини ӯ бо бардоштани шиорҳое чун “Трампро боз доред, Ғаззаро озод кунед” ва “Доналдро хомӯш кунед” эътирози худро баён намуданд.

Тибқи гузориши рӯзномаи шотландии “The National” садҳо нафар дар тазоҳуроти шаҳрҳои Абердин ва Эдинбург ширкат намуданд. Аъзои Ҳизби сабз дар парлумони Шотландия низ дар канори эътирозгарон буданд. Ин рӯзнома дар шумораи рӯзи ҷумъа бо сарлавҳаи “Ҷинояткори маҳкуми амрикоӣ ба Шотландия ворид мешавад” дар расонаҳо сару садои зиёд ба роҳ монд.

Рӯзномаи амрикоии “New York Times” низ бо сарлавҳаи “Трамп дар вақти бозии голф дар Шотландия мавриди истиқболи эътирозгарон қарор гирифт” аз гирдиҳамоии густурда хабар дод.

Бар асоси навиштаи ин рӯзнома, рӯзи шанбе ва ҳамзамон бо ҳузури Доналд Трамп дар майдони голф дар Тернберри садҳо нафар ба кӯчаҳо баромаданд, то ҳузури ӯро маҳкум карда, мухолифати худро бо сиёсати ҳукумати Амрико дар хусуси муҳоҷират дар ҷанг дар Ғазза ва дигар масъалаҳои баҳсбарангез баён кунанд.

Ин рӯзнома ба лаҳзаи ворид шудани Трамп ба фурудгоҳи Шотландия ишора карда, менависад, миёни тазоҳуротгарон нафароне ҳам буданд, ки бо бардоштани шиорҳо ба парвандаҳои ҷанҷолии Трамп ва Ҷеффри Эпштейн, ҷинояткори шаҳвонӣ ишора мекарданд. Барои мисол, як зан шиоре бо 9 тасвири муштарак аз Трамп ва Эпштейн дар даст дошт, ки дар поёнаш навишта шуда буд: “Дӯстон барои ҳамеша”. Зани дигар низ бо шиоре хостори нашри парвандаҳои Эпштейн буд.

Доналд Трамп то кунун дахолаташро дар парвандаҳои Эпштейн рад кардааст. Ӯ рӯзи ҷумъа дар ҷараёни суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки таваҷҷуҳи ӯ ба созишномаҳои тиҷоратӣ равона аст, на ба назарияҳои тавтиа.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.