27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
28.07.2025 10:03

Дар Ҳиндустон ду бародар бо як зан издивоҷ карданд

Дар яке аз деҳаҳои кӯҳистонии Иёлати Ҳимочал Прадеши Ҳинд, ду бародар бо як зан дар як маросими суннатӣ издивоҷ намуданд. Ин ду бародар бо номҳои Прадип ва Капил Негӣ, бо зане бо номи Сунита Чоҳан рӯзи 12-уми июли соли 2025 дар деҳаи Шила тибқи анъанаи чандшавҳарии қабилаи Ҳатӣ издивоҷ намуданд.

Маросими издивоҷ се рӯз тӯл кашид ва бо ҳузури даҳҳо сокини маҳаллӣ, ҳамроҳ бо рақс, мусиқии суннатӣ ва маросимҳои фарҳангӣ доир шуд. Видеоҳои ин маросим баъд аз нашр дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохил ва хориҷи Ҳинд таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб кард.

Ин издивоҷ бар асоси анъанаи қадимии “Ҷудидара” сурат гирифт, ки мувофиқи он як зан метавонад бо якчанд мард ба таври ҳамзамон издивоҷ кунад. Сунита Чоҳан, ки аз деҳаи ҳамсояи Канҳат аст, гуфт, ки ин қарорро бо огоҳӣ ва ризоияти комил гирифтааст. Прадип, яке аз домодҳо ва корманди давлатӣ гуфт, ки оилааш ба ин суннат эҳтиром мегузоранд. Бародари ӯ Капил, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад, ҳадафи ин издивоҷро нигоҳдории ҳамбастагии оила донист.

Дар ҷараёни маросим расму оинҳое, ба мисли Ҷаҷда ва Синҷ доир гардид, ки шомили ворид шудани арӯс бо рақс ва суруд ва маросими мазҳабӣ бо оби муқаддас ва шакари қаҳваранг ба нишони ваҳдат ва хушбахтӣ буданд.

Қабилаи Ҳатӣ тақрибан 300 ҳазор нафар аҳолӣ дорад ва дар 450 деҳа дар марзи иёлатҳои Ҳимочал Прадеш ва Уттаракҳанд зиндагӣ мекунанд. Ин қабила дар соли 2022 ба ҳайси қабилаи расмӣ таҳти ҳимояи кишвар шинохта шуд. Ҳарчанд ки чандшавҳарӣ дар ин минтақаҳо камтар дида мешавад, вале мувофиқи қонунҳои маҳаллии Ҳимочал Прадеш ҳанӯз манъ нашудааст.

Кандан Сингҳ Шастарӣ, дабири кулли Анҷумани марказии Ҳатӣ гуфт, ки ин суннат барои пешгирӣ аз тақсими замин ва нигоҳдории сохтори оила дар минтақаҳои кӯҳӣ ба вуҷуд омадааст. Ӯ гуфт, ки оилаҳои бузург дар чунин муҳитҳо амният ва суботи бештарро таъмин мекарданд.

Чандшавҳарӣ ҳамчунин, дар баъзе аз минтақаҳои Ҳимолой, ба мисли Ҷаунсор Барбар, Киннор, Лаҳул ва Спити вуҷуд дорад. Дар чунин оилаҳо кӯдакон одатан бародари бузургро падар ва боқимондаҳоро амак мехонанд.

Вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуногун буданд. Баъзе корбарон аз нигоҳ доштани суннатҳои фарҳангӣ ҳимоят намуданд, дар ҳоле ки бархеи дигар дар бораи ҷойгоҳи чунин расму ойинҳо дар ҷомеаи имрӯз изҳори шубҳа кардаанд. Як гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи занон низ дар бораи ҳуқуқ ба мерос ва моликияти зан изҳори нигаронӣ намуданд.

Ҳарчанд чандшавҳарӣ бар асоси қонунҳои миллии Ҳинд иҷоза надорад, вале суннатҳои қабилавӣ дар баъзе иёлатҳо, ба мисли Ҳимочал Прадеш бо истинод ба қонунҳои маҳаллӣ ба таври расмӣ шинохта мешаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.