27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
26.07.2025 19:37

Бехобӣ “ҷумҷума”-и сарро меларзонад. Чӣ гуна метавонем беҳтар хоб кунем?

Бисёре аз одамон аз мушкилоти музмини хоб ранҷ мекашанд ва гармии ҳаво низ ба хоби шабона халал мерасонад. Вале усулҳои собитшуда ва муассире вуҷуд доранд, ки метавон бо онҳо ба осонӣ ва бо оромӣ ба хоб рафт.

Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки аз се як ҳиссаи калонсолон ба шакле аз бехобӣ ранҷ мебаранд ва тақрибан нисфи онҳо мегӯянд, ки ин мушкил фаъолиятҳои рӯзонаи онҳоро халалдор мекунад.

Ин мушкил дар фасли тобистон бештар мешавад, зеро гармии шадид сифат ва вақти хобро ба таври ҷиддӣ паст мекунад. Пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки ҳатто мавҷи кӯтоҳи гармӣ, ки як ё ду рӯз идома меёбад, метавонад вақти хобро шабона то як соат коҳиш диҳад.

Зеро гармӣ ба раванди табиии сардшавии бадан, ки барои хоб лозим аст, халал мерасонад. Танзимҳои ҳарорати бадан барои хоб рафтан ва дар хоб боқӣ мондан нақши муҳим дорад.

Аз ин рӯ, хунук нигоҳ доштани утоқи хоб дар давоми рӯз ба воситаи пардаҳо ва дигар василаҳо метавонад ба хоби шабона таъсири мусбат расонад. Муҳити ором ва торик низ барои беҳтар шудани хоб муҳим аст.

Далелҳои илмии кофӣ мавҷуд мебошанд, ки варзиш ва фаъолияти ҷисмонӣ ба беҳтар шудани сифати хоб мусоидат мекунад, хусусан барои онҳое, ки аз бехобӣ ранҷ мебаранд.

Бар асоси пажӯҳишҳо, калонсолон, ки ҳар рӯз камаш 30 дақиқа машқ мекунанд, нисбат ба афроде, ки варзиш намекунанд, ба ҳисоби миёна 15 дақиқа бештар мехобанд.

Ин тааҷҷубовар нест, зеро варзиш баданро хаста мекунад. Аммо варзиш чӣ гуна сифат ва вақти хобро беҳтар мекунад? Пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки фаъолияти ҷисмонӣ ба шаклҳои мухталиф ба хоби хуб кумак мекунад.

Варзиш ва ҳаракати ҷисмонӣ истеҳсоли гармони металонинро афзоиш медиҳад. Ин гормон танзими даври хобу бедории баданро ба уҳда дорад. Афзоиши мелатонин боиси хоб рафтани зуд мешавад.

Ҳамчунин, варзиш сатҳи стрессро, ки яке аз омилҳои асосии бехобӣ аст, паст мекунад.

Бо ин далел, варзиш яке аз роҳҳои тавсияшуда барои мубориза бо бехобӣ аст. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки машқҳои аэробикӣ бо шиддати миёна ба беҳтар шудани хоб дар афроди дорои бехобӣ мусоидат мекунанд. Машқҳои аэрокобикӣ машқҳое мебошанд, ки нафаскашӣ ва истеъмоли оксигенро зиёд мекунанд.

Бадан то шаш ё ҳашт соат баъди нӯшидани қаҳва то нисфи он моддаҳоро дар худ нигоҳ медорад. Як пажӯҳиш нишон дод, ки нӯшидани қаҳва баъд аз зуҳр метавонад хобро то 45 дақиқа кӯтоҳ кунад.

Бино ба тавсияи пажӯҳишгарон, барои пешгирӣ аз ин таъсир бояд ҳашт то нуҳ соат пеш аз хоб қаҳва нӯшида нашавад.

Яке аз сарчашмаҳои асосӣ барои хоб, машғул шудан ба телефон, планшет ё дигар экранҳо пеш аз хоб аст.  Таҳқиқ нишон дод, ки як соат истифодаи экран қабл аз хоб метавонад эҳтимоли бехобиро то 59 фоиз зиёд кунад ва хоби шабонаро ба ҳисоби миёна то 24 дақиқа кӯтоҳ созад.

Бисёре бовар доранд, нурҳои кабуд аз экран ба майна ишора медиҳанд, ки ҳоло вақти бедорӣ расидааст. Аммо истифодаи айнакҳо ё барномаҳои коҳишдиҳандаи нурҳои кабуд ҳатман ба беҳтар шудани хоб кумак намекунад. Он чи таъсиргузор аст, кам кардани вақт ё равшании экранҳо аст.

Беҳтар аст, ки қабл аз хоб аз ин гуна дастгоҳҳо камтар истифода бурда шавад. Ба ҷои он, хониши китоб метавонад беҳтар бошад. Пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки хондани китоб дар бистар ба беҳбуди хоб мусоидат мекунад.

Баъзе аз одамон тавсия медиҳанд, ки аз усули нафаскашӣ бо номи “4-7-8” истифода шавад. Ин усул дар асоси нафаскашиҳои қадимаи йога таҳия шуда, онро духтури амрикоӣ Андрю Вейл ба як техникаи муассир табдил додааст.

Дар ин усул забон ба пушти дандонҳои боло гузошта мешавад, як нафас бо шиддат берун карда мешавад ва сипас, чор сония нафас гирифта мешавад. Он гоҳ барои ҳафт сония нигоҳ дошта мешавад ва баъд барои ҳашт сония аз даҳон хориҷ карда мешавад.

Ҷонибдорони ин усул мегӯянд, ки он ба оромшавӣ кумак мекунад, хусусан дар вақти изтироб ва стресс ва бо чанд бор такрор метавонад инсонро зуд ба хоб барад.

Аммо оё тадқиқоти илмӣ инро тасдиқ мекунад? Тадқиқоти кам ва камсифат вуҷуд доранд, ки нишон медиҳанд, ин усул метавонад ба танзими фишори хун ва кам кардани изтироб кумак кунад. Таҳқиқотҳои ҷиддӣ ва ҳамаҷонибае, ки таъсири дарозмуддати ин усулро тасдиқ кунад, вуҷуд надорад.

Бо вуҷуди ин, ривоятҳои зиёд ҳастанд, ки мегӯянд, ин техника дар хоб рафтан муассир аст. Дар ҳар сурат санҷидани он безарар аст.

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.