Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Киев бар зидди Зеленский ҳазорон нафар эътироз карданд
Дар шаҳрҳои Киев, Лвов ва Днепр даҳҳо нафар бар зидди сиёсатҳои Президенти Украина Владимир Зеленский тазоҳурот намуданд. Эътирозгарон ҳамчунин, мухолифати худ бар зидди қабул шудани як қонуни баҳсбарангез, ки истиқлоли ниҳодҳои зиддифасодро заиф мекунад, нишон доданд.
Парлумони Украина қонунеро қабул кард, ки бар асоси он Прокуратураи генералӣ, ки аз ҷониби Зеленский таъйин шудааст, салоҳияти васеъ барои дохолат ва тафтишоти ниҳодҳои мустақил, аз ҷумла Идораи миллии мубориза бо фасод ва Додситонии хоси зидди фасодро пайдо мекунад. Мардум бо роҳандозии эътирозҳо дар назди бинои Дастгоҳи Президент аз Зеленский хостанд, ки қонунро вето кунад.
Ин қонун баъди он пешниҳод ва қабул шуд, ки NABU ва SAPO парвандаҳое бар зидди мақомоти баландпояи наздик ба Зеленскийро боз намуданд.
Лоиҳаи мазкур рӯзи сешанбе бо 263 раъйи мувофиқ ва 13 раъйи мухолиф дар парлумони Украина ба тасвиб расид ва барои ниҳоӣ шудан бояд ба имзои президент мерасид. Тибқи гузоришҳо, бо вуҷуди дархостҳои васеъ аз ҷониби мардум Владимир Зеленский қонунро имзо намудааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси Идораи миллии мубориза бар зидди фасод ҳушдор дода буд, ки тасвиби ин қонун зерсохторҳои мубориза бо фасодро дар Украина аз байн хоҳад бурд.
Эътирозгарон, ки аксаран ҷавонон ва собиқадорони ҷанг буданд, бо шиорҳо ва баннерҳое чун “Ба Русия хӯш омадед”, “Қонунро вето кун”, “Не ба фасод” ва “Украинаро ба Русия табдил надиҳед” дар тазоҳурот ширкат намуда, хостори посухгӯии Андрей Ермак, раиси дафтари Владимир Зеленский шуданд. Ба гуфтаи онҳо, Ермак муаллифи ин лоиҳа дар парлумон аст.
Дар робита ба ин масъала Гийом Мерсе, сухангӯи Комиссияи Аврупо низ бо вокуниш ба тасвиби қонуни маҳдудкунанда барои истиқлоли ниҳодҳои зидди фасод дар Украина гуфт, ки ниҳодҳои мустақил чун NABU ва SAPO барои барномаи ислоҳоти Украина ҳаётӣ мебошанд ва бояд мустақилона амалӣ шаванд, то эътимоди мардум ҳифз шавад. Ӯ таъкид намуд, ки истиқлоли ин ду ниҳод барои роҳи узвияти Украина ба Иттиҳоди Аврупо зарурӣ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”