27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
26.07.2025 09:17

Душанбе: Аз сохтмони таваққуфгоҳҳову эстакада то кӯчонидани Боғи ҳайвоноту бунёди муассисаҳои таълимӣ

Рӯзи 25-уми июл нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовинони раиси шаҳр ва рӯзноманигорон доир гашт. Дар нишаст як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Масъулин шарҳдорӣ иттилоъ доданд, ки сохтмони таваққуфгоҳҳои бисёрошёна дар назди биноҳои баландошёна ва вазорату идораҳо ба нақша гирифта шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, бунёди чунин таваққуфгоҳҳо ба камшавии танбашавии нақлиёт дар роҳҳо мусоидат мекунад.

Гуфта шуд, ки мувофиқи дастури раиси шаҳри Душанбе дар ҳамаи биноҳои истиқоматии бисёрошёна барои таваққуфгоҳи мошинҳо ҷой пешбинӣ шудааст, вале баъзе соҳибкорон онҳоро ба нуқтаи мошиншӯйӣ ва таъмири мошинҳо табдил додаанд, ки барҳам дода шуданд.

Масъалаи навбатие, ки дар нишасти матбуотӣ баррасӣ гардид, оғози сохтмони 7 эстакадаи нав дар ҳудуди шаҳри Душанбе буд.

Гуфта шуд, ки эстакадаҳо дар буриши кӯчаҳои Шерализода - хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, буриши хиёбони Ҳофизи Шерозӣ-хиёбони Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, буриши кӯчаи Назаршоев, кӯчаи Айнӣ бо хиёбони Саъдии Шерозӣ, буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Неъмат Қарабоев, буриши кӯчаҳои Қаҳҳоров бо Абай, буриши кӯчаи Қаҳҳоров бо хиёбони Абдураҳмони Ҷомӣ ва буриши кӯчаи Қаҳҳоров бо кӯчаи ҷанубӣ бунёд мешаванд.

Дар нишасти хабарии шаҳри Душанбе масъалаи кӯчонидани Боғи ҳайвонот низ баҳс шуд. Бинобар иттилои муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, Боғи ҳайвоноти пойтахт ба наздикии шаҳри Ҳисор кӯчонида мешавад.

Манбаъ афзуд, ки ҳоло барои ҷудо намудани қитъаи замин дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор корҳо оғоз гардида, баъди ба анҷом расонидани ҳуҷҷатгузорӣ масъалаи маблағгузории он баррасӣ мегардад.

Чанде пеш масъулин гуфта буданд, ки наздикии соҳили дарёи Варзоб барои бунёди Боғи ҳайвоноти нав интихоб шудааст, вале дар нишаст хабар доданд, ки он мавзеъро лоиҳакашон барои бунёди Боғи ҳайвонот номувофиқ арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки имсол дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ ва 10  муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода мешавад.

Дар ин росто, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ гуфт, ки дар арафаи соли нави таҳсил зиёда аз се муассисаи таълимии ибтидоӣ низ ба истифода дода мешавад. Ин муассисаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд.

Илова бар ин, гуфта шуд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 53 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 77 муассисаи томактабӣ барои 18 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.