Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии “Помиринвест-2025” баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ таҳти унвони “Помиринвест-2025” баргузор гардид.
Тибқи иттилои мақомоти вилоят форуми имсола бо мақсади ҷалби сармоя ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ доир гардид.
Дар Форум намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ аз дохили Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҳамчунин, намояндагони мақомот ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат карданд. Мақсади асосии ин чорабинӣ муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ, муҳити ҳуқуқии мусоид ва иқтидори истеҳсолии Бадахшон арзёбӣ гардид.
Роҳбарияти вилоят ва меҳмонони фахрӣ дар суханронии ифтитоҳӣ ба нақши калидии чунин чорабиниҳо дар рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа таъкид карданд. Онҳо гуфтанд, ки Бадахшон бо иқтидори табиӣ, манзараҳои ҷалбкунандаи сайёҳӣ ва захираҳои сарватманд метавонад ба як маркази ҷолиби сармоягузорӣ табдил ёбад.
Дар чорчӯби форум намоишгоҳи маҳсулоти ватании ВМКБ низ доир гардид, ки дар он маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти саноатии минтақа пешкаши иштирокчиён шуд.
Форуми “Помиринвест-2025” яке аз иқдомҳои муҳимми рушди иқтисоди кӯҳистон ба ҳисоб рафта, ба гуфтаи масъулон метавонад заминаи мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва таҳкими иқтисоди минтақа фароҳам орад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”