Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Олмон: Қабули дипломатҳои Толибон маънои расмият бахшидани ҳукумати онҳоро надорад
Сафири Олмон дар Канада дар вокуниш ба интиқодҳо дар бораи қабули дипломатҳои Толибон гуфт, Берлин гурӯҳи Толибонро ба ҳайси ҳукумати расмии Афғонистон намешиносад.
Матиас Туленберг, сафири Олмон дар Канада дар ҷараёни нишасти хабарии “Гуфтугӯи Кобул-НАТО”, ки рӯзи чоршанбе дар парлумони Канада доир шуд, гуфт, муомила бо намояндагони Толибон ба маънии эътирофи расмии онҳо нест.
Ин изҳорот дар посух ба интиқоди Эъҷоз Маликзода, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон сурат гирифт. Маликзода Толибонро як гурӯҳи “террористӣ” хонд ва гуфт, онҳо арзишҳои ҳуқуқи башарро, ки Олмон ба он пайбанд аст, поймол кардаанд.
Ӯ, ҳамчунин, сиёсати Олмонро дар қиболи ҷанги Русия дар Украина ва вазъияти Афғонистон “дугона ва риёкорона” арзёбӣ кард. Дар ин нишаст, баъзе аз фаъолони афғон, рӯзноманигорон, аъзои парлумони Канада ва намояндагони кишварҳои ғарбӣ ҳузур доштанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”