Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Теҳрон мегӯяд мушакҳои Эрон аз пешрафтатарин системаи дифоии ҷаҳон гузаштаанд
Сухангӯи Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, ки мушакҳои Эрон тавонистанд аз системаи муосири дифои кишварҳои ғарбӣ убур намуда, ба ҳадафҳо дар умқи қаламрави Исроил зарба зананд.
Абулфазл Шикорчӣ, рӯзи панҷшанбе дар маросими гиромидошти “Шаҳидони иқтидор” дар шаҳри Қум гуфт, ки дар Ҷанги 12 – рӯзаи ахир “неруҳои ҳавофазоии Сипоҳ” бо вуҷуди талафоти фармондеҳии сатҳи аввал, сохтори фармондеҳиро зери роҳбарии Оятуллоҳ Хоманаӣ зуд барқарор намуда, амалиёти мушакиро бомуваффақият анҷом додаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар масири 1200 километр то қаламрави ишғолшуда даҳҳо радар, ҳавопаймои ҷангӣ ва системаи дифоии муосири истеҳсоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Британия ва Фаронса мустақар буданд. Вале мушакҳои Эрон аз ин “лояви дифоӣ” гузашта ва ҳадафҳоро аз шимол то ҷануби қаламрави Исроил задаанд.
Сухангӯи Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон Абулфазл Шикорчӣ мегӯяд, дар рӯзи ҳафтуми ҷанг, ба далели “шикастҳои майдонӣ” Исроил хостори вуруди мустақими Амрико ба ҷанг шуд. Бо вуҷуди истифодаи таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва иттилоотӣ, ба гуфтаи ӯ, Исроил натавонист ба ҳадафшояш бирасад.
Дар шаби аввал чанд фармондеҳи калидӣ шаҳид шуданд, вале дар камтар аз 10 соат фармондеҳии нав барқарор ва амалиёти мушакӣ хотима ёфт.
Абулфазл Шикорчӣ бо ишора ба он ки “мо оғозгари ҷанг набудем, вале поёни онро мо муайян кардем”, гуфт, ки дар рӯзи нуҳуми ҷанг режими Исроил “таҳаммулро аз даст дод ва амалан таслим шуд”.
Мақомоти Эрон ҷанги ахирро як “ҷанги таҳмилии байналмилалӣ” медонанд, ки ба гуфтаи онҳо, бо ҳадафи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ таҳия шуда буд.
Абулфазл Шикорчӣ афзуд, бар асоси барномаи душманон, бо куштани фармондеҳон дар соатҳои аввали ҳамла бояд роҳ барои фурӯпошии низом боз мешуд, вале ин сенария бо роҳбарии Оятуллоҳ Хоманаӣ шикаст хӯрд.
Ӯ дар идома гуфт, ки ВАО-и Ғарб талош мекунанд ҳақиқатҳои майдонро таҳриф кунанд, вале Ҷумҳурии Исломӣ омода аст, рӯзноманигорони хориҷиро ба минтақаҳои ҳадафқароргирифта, дар қаламрави ишғолшуда барад.
Абулфазл Шикорчӣ пирӯзии ҷангро ба се омил вобаста донист: роҳбарии Оятуллоҳ Хоманаӣ, ваҳдати миллӣ ва муқовимати Неруҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Сипоҳ, Артиш ва Басиҷ.
Ба гуфтаи ӯ, душман баъд аз шикаст дар ҷангҳои низомӣ ҳоло таваҷҷуҳи худро ба ҷангҳои равонӣ ва иттилоотӣ равона кардааст, то дар миёни мардум дуқутбӣ ва тафриқа эҷод намояд.
Дар фарҷоми суханонаш, ӯ ҳушдор дод, ки “ҳар гуна тавҳин ба раҳбарӣ ё муқовимат ба он, хидмат ба режими саҳюнистӣ хоҳад буд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”