27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Дилноза Раҳимӣ: “Вақте ки беқадрии ҳунару ҳунармандро мебинӣ...”
Дилноза Раҳимӣ, хатмкардаи риштаи актёрии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аст. Ӯ дар саҳнаи театр хеле зуд маъруф гардид. Бо вуҷуди ҷавон буданаш, аз худ ҳамчун ҳунарпешаи ояндадор ва хеле сарсупурдаи ин пешаи заҳматталаб дарак медод. Маълум буд, ки мавсуф аз таҳти дил касбашро дӯст медорад ва бо дилу ҷон кор кардан мехоҳад. Ҳамчунин, дар муддати кӯтоҳ дар соҳаи блогинг ҳам шинохта шуд. Бо саҳнаҳои тарбиявию иҷтимоияш диққати садҳо ҳазор корбари фазои маҷозиро ҷалб кард.
Вале кори театрро тарк кард...
Дар блогинг камфаъол шуд...
Наворҳояшро аз саҳифааш тоза намуд...
Dialog.tj ба суроғи Дилноза Раҳимӣ рафт, то ки ба саволҳои бешумораш посух бигирад.
ҲИССАИ ЯКУМ:
ИМРӮЗ
- Имрӯз пайи кадом корҳоед?
- Имрӯзҳо модарам беморанд ва қисми зиёди вақтам ба нигоҳубину назорати он кас мегузарад. Ҳамчунин, ба тамрини филми таърихии Тоҷикистону Ӯзбекистон – “Ҷоми ва Навоӣ” машғул ҳастам.
- Мушоҳида кардем, ки ҳама наворҳои тарбиявиву иҷтимоиро, ки бо блогерони машҳур таҳияи карда будед, аз саҳифаатон пок кардаед, ин чӣ сабаб дошта метавонад?
- Дуруст аст, як сол мешавад, ки ҳама наворҳои саҳифаамро тоза кардам. Аслан, сабабҳо зиёданд, вале аз ҳама асос ин дилмондагӣ аз касбу корам аст. Ман қабул дорам, ки блогер нестам, балки ҳамчун ҳунарпеша дар наворҳои блогерон иштирок мекардам ва вақте ки дилхунукиро эҳсос кардам, дигар на нақшофарӣ хостаму на будани онҳоро.
Ҳоло фикр мекунам, ки рӯз аз рӯз одам инсонтар мешудааст ва бисёр чизҳоро дарк менамудааст. Маҳз зиёд шудани дарку фаҳмиш моро тағйир медиҳад ва намегузорад, ки ҳар кори нахостаамонро анҷом диҳем.
- Мутаассифона, бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ то ин ҳад аз ахлоқу одамгарӣ дур шудаанд, ки ҳар сухане, ки хоҳанд мегӯянд. Оё ин омил шуморо нигарон намекунад?
- Ин ҳолат маро нигарон мекунад, вале ростӣ, дар ин маврид чизе гуфтан намехоҳам, зеро одаме, ки аз оила, аз волидон тарбия нагирад, ба гуфтаҳои мо, ба наворҳои тарбиявии мо, ба бархе ҷазодиҳиҳо низ ислоҳ намешавад. Дар ин росто, ман ба фикре ҳастам, ки чунинҳоро бояд аҳамият намедиҳем, чунки маҳз таваҷҷуҳи мо метавонад барои онҳо муфид бошад.
ҲИССАИ ДУЮМ:
ДИЛМОНДАГӢ ВА ТАРКИ ТЕАТР
- То чанде пеш шумо яке аз дурахшонтарин ҳунарпешаҳои театри тоҷик будед. Зеро ҳам дар театр хеле фаъол будед ва ҳам ин даргоҳи адабро дар фазои маҷозӣ тарғиб мекардед. Сабаби аз театр рафтанатон чист?
- Пешопеш мегӯям, ки аз касе хафа нестам, вале вақте ки эҳтиром ба касбу соҳибкасб дар коргоҳ намемонад, беҳтар аст, ки тарки он ҷо кунӣ. Бар замми шароити хуби корӣ набудан, барои мисол, нақши харгӯшро бо либоси рӯбоҳ бозидан, боз беҳурматӣ ва беқадрии ҳунарро дида, кас дилхунук мегардад. Ман боз мегӯям, аз касе хафа нестам, вале набояд ҷавононро, махсусан ҷавононе, ки касбашонро дӯст дошта, интихоб кардаанд ва аз рӯи он кор кардан мехоҳанд, то ин ҳад дилхунук кунанд.
- Оё тасмими аз театр дур шудан бароятон душвор набуд?
- Хеле душвор буд. Ман касбу корамро дӯст медорам, вале вақте ки эҳтиром намебинӣ дигар чизеро фикр намекунӣ. Ҳатто баъди аз театр рафтан ҳам муддате ноором будам, зеро барои касе, ки касбашро дӯст дошта интихоб кардааст ва муддате фаъолият намудааст, тарки он кардан осон нест. Махсусан, кори эҷодӣ хеле мушкил аст. Бовар мекунед, ҳоло ҳам баъзе пораҳоро аз намоишҳое, ки бозӣ кардаам назди оина худ ба худ бозӣ мекунам ва ба худ мегӯям, ки фалон нақшро беҳтар иҷро кардан мумкин буд.
- Аз театр рафтанатонро устодонатон Қурбони Собир ва Нозими Мелик чӣ гуна қабул карданд?
- Албатте, ҳеҷ устод намехоҳад, ки шогирдаш аз касбаш дур шавад, вале устодони ман сабаби аз театр рафтанамро аз хомӯшиам фаҳмиданд. Дар ин муддат устод Нозими Мелик ду маротиба пурсиданд, ки кай ба кор бармегардам, зеро он кас болои намоише кор карда истодаанд. Аммо дигар намехостам, чунки барои об шудани яхҳои дилам офтобе лозим буд ва он лаҳза ҳеҷ гармиеро эҳсос намекардам.
- Ин рафтани шумо муваққатист ё рӯзе бармегардед?
- Ҳоло ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Дар оянда фазову муҳити театрро мебинам ва агар оиладор шавам, ризояти ҳамсарамро ҳам бояд гирам. Хуллас, агар Худо хоҳад боз бармегардам. Ва агар баргаштанам шавад, албатта, интихоби якумам Театри Лоҳутӣ аст.
- Ба андешаи шумо дар замоне ки телефону интернет мақоми театру телевизионро танг кард, чӣ гуна театр ва ҳунармандон метавонанд ба ҷомеа таъсиргузор бошанд?
- Театру синамо алоқамандони худро доранд ва таъсиргузор ҳастанд. Вале камбудии асосӣ дар он аст, ки театру синамои тоҷик тарғиб намешавад. Мардум ноогоҳ мемонанд, ки дар театр намоише буд ё дар кинотеатр филме гузошта шуд. Ёд дорам, ки вақте дар театр кор мекардам, пеш аз ҳар намоиш дар Инстаграм хабар медодам ва толор пур аз тамошобин мешуд.
ҲИССАИ СЕЮМ:
ПОРАҲОИ ҲАЁТ
- Баъзан ҳикоягунаҳое дар саҳифаи фейсбукиатон нашр мекунед. Бигӯед, ки дар ин соҳа кӣ ё киҳо шуморо роҳнамоӣ мекунанд?
- Ҳар чизе, ки дар Фейсбук менависам, ҳодисаву имтиҳонҳое ҳастанд, ки аз сар гузаронидам ва дар ин роҳ роҳнамое надорам. Онҳо дардҳои мананд, саргузашти мананд, имтиҳонҳои мананд. Ман ба ҳар шебу фарози зиндагӣ диққат медиҳам ва ҳар дору нодорро аз Худованд медонам. Кӯшиш мекунам, ки сабаби сар задани баъзе ноҷуриҳоро дарк кунам ва ба неъматҳо шукр гӯям. Навиштаҳоям воқеиянд ва тавре худатон медонед, қаламбадастон баъзе ҷойҳоро серранг мекунанд, баъзеи дигарро камранг, то ки матлаб хубтару ҷаззобтар барояд.
- Чанде пеш гуфта будед, ки навиштаҳоятонро ҷамъ карда, дар шакли китоб нашр мекунед, ин кор дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Ман бисёр мехостам, ки ҳар чи зудтар маҷмӯаи қиссаҳоямро, ки пораҳои ҳаёти ман ҳастанд, нашр кунам. Аммо дарҳамбарҳамиҳои зиндагӣ ба ман имкон намедиҳанд, ки ин корро анҷом диҳам.
- Ба воситаи қиссаҳоятон чӣ гуфтан мехоҳед?
- Дар онҳо чӣ гуна худшиносу Худошинос шудани ман дарҷ гардидааст ва ба воситаи онҳо гуфтан мехоҳам, ки одамон шириниву рангинии зиндагиро эҳсос кунанд. Гила накунанд, балки аз ҳар лаҳзаи зиндагӣ ҳаловат баранд ва барои хушбахт будану хушбахтона зистан кӯшиш намоянд.
- Бисёриҳо барои навиштан матлаб доранд, аммо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла ҳавсала надоштан, наменависанд. Бигӯед, ки шуморо чӣ водор месозад, ки нависед?
- Дар бораи ҳавсала бояд бигӯям, ки аз синфи чорумиам дафтари хотира дорам ва хотираҳоямро қайд мекунам. Навиштан ва аз навиштан таскин ёфтан ба ман аз падарам мерос мондааст. Он кас ҳам қалами хуб доштанд ва дафтари хотираашон ҳоло дар дасти ман аст. Навиштан барои ман ин шуғли дӯстдошта аст ва ин корро дӯст медорам.
- Навиштан шуморо таскин медиҳад?
- Бале, навиштан таскини дилам аст. Вақте ки пасту баландиҳои зиндагиро бори дигар ба ёд оварда, менависам, шукр мекунам, аз зиндагӣ лаззат мебарам ва кӯшиш мекунам, ки ҳаррӯз беҳтар зиндагӣ кунам.
- Аз таҳти дил нависанда шуданӣ ҳастед ё навиштан муваққатист?
- Ман аз таҳти дил менависам. То куҷо нависанда мешавам ва то куҷо эътироф мешавам, дигар ба ман вобаста нест. Аммо то ҳастам кӯшиш мекунам, ки пораҳои ҳаётамро нависам.
- Ташаккур барои суҳбати ошкоро.
- Саломат бошед.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”