Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
800 доллар. Нархи хона дар пойтахт боз гарон шуд
Имрӯз, 25-уми июл зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 526,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.
Масъулини Кумита афзуданд, ки арзиши ҳар метри мураббаъи хона дар пойтахти кишвар ба 800 доллари амрикоӣ расидааст.
Низом Мирзозода гуфт, ки соҳибкорон дар гузоштани нарх озод ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди он ки имсол бо назардошти поёнравии қурби доллар, нархи маҳсулоти сохтмонӣ коҳиш ёфт, вале нархи манзил боло рафт.
Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Дар ин росто, ҳоло 65 маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат пурра бо нақшаҳои генералӣ таъмин мебошанд. Дар ҳоли ҳозир дар кумита таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералӣ ва лоиҳаҳои муфассали банақшагирии шаҳру ноҳияҳо идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”