27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
25.07.2025 12:19

12 чудокор дар мусобиқаи “Ulaanbaatar Grand Slam 2025” Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд

Аз 25-ум то 27-уми июл дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон мусобиқаи Ulaanbaatar Grand Slam 2025 доир мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи Ulaanbaatar Grand Slam 2025 12 ҷудокор, Александра Кан (57 кг), Виктория Киселёва (+78 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Масъуди Аҳмадзод (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Мизробшо Лоиқов (-90 кг), Кароматулло Ҳакимов (-100 кг), Муҳсин Малаев (-100 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.

Бинобар иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи Ulaanbaatar Grand Slam 2025, 236 ҷудокор (142 мард, 94 зан) аз 28 кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд.

Дар маросими қуръакашии мусобиқаи мазкур рақибони ҷудокорони тоҷик муайян шуданд.

Меҳрзод Суфиев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо намояндаи Қазоқистон Нуродил Аржан нерӯсанҷӣ мекунад. Муллораҷаб Халифаев дар даври аввал бо намояндаи Чин Хуе Зиянг гӯштин мегирад. Ёсин Бобокалонов бо Йержан Йеренкаюпов аз Қазиқистон сабқат мекунад. Масъуди Аҳмадзод дар даври аввал бо ҷудокори мизбон аз Муғулистон Энхтур Ҷугдергарав қувва месанҷад. Муҳиддин Асадуллоев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Юдай Танака аз Ҷопон ва Саидмуҳаммад Халидов аз Украина гӯштин мегирад. Умедҷон Раҷабов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ган-Эрдене Тсеренбат аз Муғулистон ва Минки Сонг аз Кореяи Ҷанубӣ қуввасанҷӣ мекунад. Мизробшо Лоиқов даври аввалро озод паси сар намуда, дар даври дуюм бо Влад Висан аз Руминия нерӯсанҷӣ менамояд. Муҳсин Малаев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Антон Савютский аз Украина рӯ ба рӯ мешавад. Кароматулло Ҳакимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷудокори бетараф Идар Бифов гӯштин мегирад. Мансур Раҳмон бо ҷудокори мизбон Хангарид Гантулга аз Муғулистон дар даври аввал қувваозмоӣ менамояд. Александра Кан дар даври аввал бо Яқи Гонг аз Чин ва Виктория Киселёва дар даври аввал бо ҷудокори бетараф Вероника Кафанова гӯштин мегиранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.