27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид
Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, шоми 24-уми июл дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешаванд.
Қабл аз оғози маросими ифтитоҳ дар саҳни бинои театр намоиши расмҳои рассомони Муғулистон баргузор шуд.
Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ иброз намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи дӯстии халқҳои ду кишвар, густариши робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин, дарки амиқи марҳилаҳои рушди ҳамкории мутақобили судманд такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҳамчунин, аз ҷониби ҳунармандони Муғулистон барномаи рангини консертӣ бо таронаю оҳанг ва рақсҳои миллии ин кишвар пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”