27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
25.07.2025 11:03

Дар Ғазза 115 нафар барои як бурида нон ҷон доданд

Мақомоти маҳаллӣ дар Навори Ғазза мегӯянд, ки бар асари камбуди шадиди ғизо ва дору 115 нафар, асосан кӯдакон ва афроди солманд, аз гурусангӣ ҷони худро аз даст додаанд. Ин иттилоъ дар изҳороте аз сӯйи дафтари расонаҳои давлатӣ дар Ғазза нашр шуд.

Бар асоси гузориши расонаҳо сабаби асоси шиддат гирифтани буҳрони гуруснагӣ дар Навори Ғазза баста мондани гузаргоҳҳо барои 145 рӯз пайи ҳам гуфта мешавад. Чизе, ки боиси қатъ гардидани воридоти ёриҳои башардӯстона, аз ҷумла шири кӯдакон, оби ошомиданӣ ва маводи доруворӣ шудааст.

Расонаҳои фаластинӣ мегӯянд, барои пешгирӣ аз фурӯпошии комили инсонӣ Навори Ғазза дар як ҳафта ба ҳадди ақал 500 халта ғизо ниёз дорад.

Мақомоти Ғазза хабари расидани “садҳо мошини ёрӣ” ба минтақа ва “бартараф шудани гураснагӣ” –ро рад намуда, онро “ҳамраъйии хатарнок бо ривояти ишғолгарон” номидаанд. Онҳо гуфтанд, ки чунин иддаоҳоро талош барои рӯпӯш кардани “ҷиноятҳои ҷорӣ” дар Ғазза медонанд.

Мақомоти фаластинӣ бо нигаронӣ аз вазъият талаб карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҳуқуқи инсон барои шикастани муҳосираи Ғазза иқдоми ҷиддӣ кунанд. Дафтари расонаҳои давлатӣ аз кишварҳо даъват намуд, ки барои боз кардани гузаргоҳҳо ва вуруди ёриҳои башардӯстона, бахусус барои кӯдакон, фавран тадбир андешанд.

Ин ниҳод боз ҳам таъкид намуд, ки интиқоли кумаки инсонӣ бояд берун аз ҳар гуна фишорҳои сиёсӣ ва зери назорати мустақими ниҳодҳои байналмилалӣ сурат гирад.

Агентии Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба паноҳандагони фаластинӣ низ гуфт, ки дар анборҳои худ, аз ҷумла дар шаҳри Ал-Ариш миқдори кофии маводи ғизоӣ барои сесад ҳазор нафар мавҷуд аст, вале ба гуфтаи онҳо “мо то ҳол интизори иҷозати расмӣ барои ворид шудан ба Навори Ғазза ҳастем”.

“Дарҳоро боз кунед, муҳосираро хотима диҳад. Мо бояд тавонем ба кӯдакони гурусна кумак расонем”- зикр мекунад СММ.

Ҳамлаи Исроил ба Ғазза 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд, вале баъдан дар моҳи январи соли 2025 бо миёнҷигарии кишварҳои минтақа миёни Ҳамос ва Исроил оташбаси муваққатӣ ба даст омад. Бо вуҷуди ин, пас аз барҳам задани музокироти марҳалаи дувуми оташбас Исроил 28-уми март амалиёти низомии худро дубора оғоз кард. Созмонҳои ҳуқуқи башар ҳушдор додаанд, ки муҳосира ва гуруснагӣ дар Ғазза метавонад ба ҳайси “ҷинояти ҷангӣ” мавриди баррасӣ қарор гирад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.