Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Оё ИМА, Арманистон ва Озарбойҷон дар бораи “долони Зангезур” ба созиши махфӣ расидаанд?
Бархе аз расонаҳои ҷаҳонӣ аз эҳтимоли як созиши махфиёнаи миёни Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди таъсиси “долони Зангезур” хабар медиҳанд. Ба навиштаи расонаҳо, ин роҳ дар матни созишнома бо номи “Пули Трамп” ёд шудааст.
Рӯзномаи чопи Маскав “Известия” бо истинод ба “Periodista Digital”, як расонаи испаниягӣ менависад, ки се кишвар ёддошти тафоҳуме ба имзо расондаанд, ки тибқи он як долони нақлиётӣ ба дарозии 42 километр ба воситаи минтақаи Сюники Арманистон бунёд хоҳад шуд.
Дар пайи нашри ин хабар рӯзномаи “Коммерсант” навишт, ки кишвари Арманистон ин иддаоҳоро рад намуд ва онҳоро “намунаи дигар аз ҷанги гибридӣ ва таблиғоти муғризона” хонд.
Ҳукумати Арманистон бо нашри изҳорот гуфт, ки чунин мақолаҳо бо воқеият созиш надоранд ва мавқеи расмии Ереван дар мавриди боз кардани роҳи нақлиётии минтақаӣ дар лоиҳаи “Чорроҳии ҷаҳон” рӯшан шарҳ дода шудааст. Сарвазир Никол Пашинян низ рӯзи 16-уми июл дар нишасти хабарӣ ин мавзуъро муфассалан шарҳ додааст.
Бар асоси созиши сеҷонибаи соли 2020, ки миёни Арманистон, Озарбойҷон ва Русия ба имзо расид, масъулияти назорати роҳҳои нақлиётӣ дар минтақаи Қарабоғ ба Гвардияи сарҳадии ФСБ- и Русия вогузор гардид. Бо ин вуҷуд, Ереван дар гузашта бо идеяи “долон” мухолифат намуда, гуфт, ки чунин тафсир метавонад ба маънои вогузор кардани як бахши қаламрав ба салоҳияти ҷониби сеюм бошад.
Ба ҷои он, Арманистон лоиҳаи “Чорроҳаи ҷаҳон” –ро пешниҳод намуд, ки мутобиқи он ҳамаи зерсохт зери назорати кишварҳое хоҳанд буд, ки роҳ аз қаламрави онҳо мегузарад.
“Periodista Digital” менависад, дар ёддошти созиши эҳтимолии миёни Ереван, Боку ва Вашингтон роҳ бо номи рамзии “Пули Трамп” зикр мешавад. Ҳамчунин, аз як ширкати хусусии амрикоӣ ба ҳайси масъули идораи роҳ ном бурда шудааст. Гузоришҳо дар хусуси эҳтимоли ширкат намудани ширкатҳои амрикоӣ дар бунёд ва мудирияти ин роҳ, қаблан низ ба воситаи сафири ИМА дар Туркия Тоам Барак ва ҳамчунин, Пашинян ишора шуда буд.
Каридори Зангезур қарор аст минтақаҳои ғарбии Озарбойҷонро ба воситаи ҷануби Арманистон бо Ҷумҳурии мухтори Нахичевон, ки миёни Эрон ва Туркия воқеъ аст, ба ҳам пайванд созад. Созиши эҳтимолӣ дар ин хусус метавонад таъсири амиқ ба таносуби геостратегии минтақа ва нақши ИМА дар Қафқози Ҷанубӣ дошта бошад.
То ҳол на Вашингтон ва на Боку ба таври расмӣ ба ин гузоришҳо вокуниш нишон надодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”