Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“То замоне Исроил ба мавҷудияти худ идома медиҳад, дар ҷаҳон сулҳ намешавад”.
Майкл Уоллес, намояндаи пешини парлумони Аврупо дар як навишта дар шабакаи иҷтимоии “Х” таъкид кард, то замоне ки режими Исроил ба мавҷудияти худ идома медиҳад, дар ҷаҳон сулҳ имконпазир нахоҳад буд.
Рӯзи сешанбе Майкл Уоллес бо нашри як паём дар шабакаи иҷтимоии "Х" ҳамлаҳои режими Исроилро ба кишварҳои мухталиф маҳкум карда, навишт: “То замоне ки ин режим вуҷуд дорад, дар ҷаҳон сулҳ вуҷуд нахоҳад дошт”.
Майкл Уоллес, ки қаблан низ бо шиддат бар зидди режими Исроил изҳори назар карда буд, дар паёми ахири худ қайд кардааст: "Фақат дар се моҳи ахир режими Исроил ба кишварҳои Лубнон, Сурия, Фаластин, Яман ва Эрон ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои аврупоӣ чашмонашонро ба рӯи нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ аз ҷониби Исроил бастаанд. То замоне, ки саҳюнизм шикаст нахӯрад, сулҳ дар ҷаҳон нахоҳад шуд”.
Ӯ, қаблан, дар посух ба сафар ва боздиди Бенямин Нетаняҳу, сарвазири режими Исроил ба Вашингтон гуфта буд, ки “Амрико ба як ҷинояткори ҷангӣ эҳтиром мегузорад”.
Майкл Уоллес бо нашри як навори видеоӣ аз лаҳзаи фуруд омадани Бенямин Нетаняҳу ба Амрико дар саҳифаи худ дар “Х" навишт: “Амрико дар сафи эҳтиром ба як ҷинояткори ҷангӣ қарор гирифтааст”.
Дар ин навор, ки аввалин бор аз ҷониби як корбари дигар бо ҷумлаи кинояомези “Президенти Амрико ба хона бармегардад” нашр шуда буд, Бенямин Нетаняҳу ва ҳамсараш дида мешаванд, ки аз зинаҳои ҳавопаймо дар Иёлоти Муттаҳида поин мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”