Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Депутати амрикоӣ аз мардуми Афғонистон хост бар зидди Толибон қиём кунанд
Тим Берчетт, вакили Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як изҳороти тунд дар суҳбат бо телевизиони "CNN" аз мардуми Афғонистон даъват кард, ки бар зидди режими Толибон ба по хезанд ва ҳукумати наве ташкил кунанд, ки эҳтиёҷоти ҳақиқии миллатро таъмин намояд.
Тим Берчетт дар ин мусоҳиба, ки рӯзи сешанбе - 21-уми июл пахш гардид, аз кумакҳои молии Амрико ба Афғонистон интиқод намуда, афзуд: “Ҳатто намедонам, чаро мо бояд ҳатто як сент ҳам ба Афғонистон фиристем. Амрико Бонки ҷаҳонӣ нест".
Ба гуфтаи ӯ, ҳазорон шаҳрвандони Амрико низ дар шароити душвори иқтисодӣ қарор доранд: “Баъзе амрикоиҳое ҳастанд, ки гуруснаанд ва шумо мехоҳед қарз гирифта, ба кишвари дигар маблағ ирсол кунед”.
Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки бо мардуми Афғонистон ҳамдардӣ дорад, аммо таъкид кард, ки онҳо масъули асосии овардани тағйирот дар кишваранд: "Ман бо мардуми Афғонистон сахт ҳамдардӣ дорам, аммо фикр мекунам, вақти он расидааст, ки худи мардум ба по бархезанд ва ҳукумати лозимаро ташкил диҳанд, на Толибонро”- гуфт депутати Амрико.
Ёдовар мешавем, ки Тим Берчетт дар моҳи феврали соли ҷорӣ аз Президенти Амрико Доналд Трамп талаб намуд, ки ирсоли ҳафтавори 40 миллион доллар ба Толибон қатъ карда шавад. Ҳамзамон дар моҳи январ, ӯ лоиҳаи қонунеро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд, ки кафолат медиҳад, ёриҳои молии Амрико ба дасти Толибон намерсанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”