Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Шаҳрдори Лондон: "Британия бояд кишвари Фаластинро фавран ба расмият шиносад"
Содиқхон, шаҳрдори Лондон бо нашри як изҳорот аз ҳукумати Британия хост, ки кишвари Фаластинро ба таври фаврӣ ба расмият шиносад.
Ӯ дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт: “Кӯдакони гурусна дар вайронаҳо бо ноумедӣ дар ҷустуҷӯи ғизо мебошанд. Аъзои оилаи онҳо дар ҳоле ки дар пайи кумак мебошанд, аз сӯи сарбозони исроилӣ ба қатл мерасанд”.
Содиқхон афзуд, дар шароите, ки ғайринизомиён дар Ғазза ҷон медиҳанд ва кумакҳои ҳаётӣ ба онҳо намерасад, ҳукумати Британия ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои қатъи ин “куштори бемаънӣ” фишори бештар ба Исроил ворид кунанд. Ӯ ҳушдор дод, ки “Агар кишваре ба номи Фаластин боқӣ намонад, ҳич роҳи ҳал вуҷуд нахоҳад дошт".
Ин изҳорот дар ҳолест, ки ҳадди ақал се вазири ҳукумати ҳизби коргар, аз ҷумла вазирони адлия ва Ирландияи Шимолӣ низ дар дидорҳои хусусӣ аз Киер Стармер, сарвазири Британия хостаанд, ки раванди ба расмият шинохтани Фаластинро суръат бахшад.
Ҳамзамон, тақрибан 60 узви ҳизби коргар бо имзои як номаи боз аз ҳукумат талаб кардаанд, ки Фаластинро ба расмият шиносад. Дар ҳамин ҳол, Девид Ламмӣ, вазири корҳои хориҷии Британия амалиёти низомии Исроил дар Ғаззаро “даҳшатовар” хонда, хостори қатъи фаврии ҷанг шудааст.
Ӯ афтааст, ки аз дидани саҳнаи тирборони фаластиниёни гурусна, ки дар ҷустуҷӯи ғизо будаанд, “ваҳшатзада” шудааст ва афзудааст, ки Британия нақши худро дар расидан ба роҳи ҳалли ду кишвар иҷро хоҳад кард.
Ҳукумати Британия гуфт, ки кишвари Фаластинро дар замони муносиб бо ҳамоҳангии дигар кишварҳо ба расмият хоҳад шинохт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”