27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
24.07.2025 12:18

Исроил эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро рад накард. Трамп гуфт барои музокира бо Эрон талош намекунад

Исроил Катс, Вазири мудофеаи Исроил дар нишасти арзёбии ниҳодҳои низомии кишвараш гуфт, эҳтимоли оғози ҳамлаи дубораи Исроил ба Эрон вуҷуд дорад: "Исроил барои пешгирӣ аз эҳёи барномаҳои атомӣ ва мушакии Эрон бояд нақшаи рӯшан дошта бошад".

Ба навиштаи расонаҳои исроилӣ дар ин нишаст, ки бо ҳузури роҳбарони артиши Исроил, аз ҷумла Эял Замин, сардори ситоди кулл, муовини ӯ, Тамир Ядоӣ ва намояндагони Моссад ва амнияти дохилии Шин Бет доир шуд, Исроил Кат гуфт “идомаи амалиёти низомӣ бар зидди Эрон” аз эҳтимол дур нест.

Ӯ афзуд, ки ҳадафи аслии ҷанг дар Ғазза “озод кардани ҳамаи гаравгонҳо ва нобудии комили Ҳамос” аст.

Исроил Катс Эронро бо ҳамлаи эҳтимолии дигар таҳдид кард ва гуфт, ки сиёсатҳои таҷовузгаронаи Исроил дар Яман, Сурия ва Лубнон то ба имрӯз муваффақона иҷро шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳузури неруҳои артиши Исроил дар нуқтаҳои муҳимми амниятӣ дар қаламрави Сурия ва Лубнон барои дифоъ аз амнияти миллӣ “ҳаётӣ” мебошад.

Аз ҷониби дигар Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як посухи кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба изҳороти ахири Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки гуфт муассисаҳои атомии Эрон дар зарбаҳои ҳавоии Амрико осеб дидаанд, ишора намуда, афзуд: “Албатта, ҳамин тавр аст. Тавре ман қаблан гуфта будам. Агар лозим шавад, боз ин корро мекунем”.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи "Jerusalem Post" ба нақл аз ду сарчашмаи огоҳ навишт, Доналд Трамп дар гуфтугӯҳои хусусии ахир гуфт, ки Вашингтон дигар талош намекунад, ки Эронро вориди музокирати атомӣ кунад.

“Агар онҳо худашон биоянд, мо истиқбол мекунем, вале наметалабем ва фишор намеорем”- гуфт Доналд Трамп.

Ин ҳарфҳо дар ҳолест, ки дар давраи аввали президентии худ Доналд Трамп талошҳои зиёд барои даргир кардани Эрон дар музокироти нав анҷом дода буд. Ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки ҳар гуна созиш бо Эрон бояд шомили манъи комили ғанисозии уран аз сӯи ин кишвар бошад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.