Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қасди сӯиқасд ба ҷони Нетаняҳу. Полиси Исроил як занро боздошт кард
Як зани 70-сола, сокини пойтахти Исроил аз ҷониби полис ва бо ҳамоҳангии Шин Бет- Хадамоти амният ва иттилооти дохилии Исроил, боздошт гардид.
Бар асоси гузориши радио ва телевизиони давлатии Исроил ин зан ба иттиҳоми тарҳрезии ҳамлаи инфиҷорӣ бар зидди сарвазири Исроил –Бенямин Нетаняҳу гумонбар мешавад.
Полиси Исроил иттилоъ дод, ки ин зан бо гумони “тавтеа барои анҷоми амали террористӣ” таҳти бозпурсӣ қарор гирифт ва гӯё бо афроди дигар дар заминаи тарҳи террори сарвазир ҳамкорӣ доштааст. Гуфта мешавад, ки ӯ кӯшиш наамудааст, силоҳ ва иттилоот дар бораи тадбирҳои амниятии сарвазир ба даст оварад.
Полис мегӯяд “зани боздоштшуда дар доираи ин нақша бо дигарон дар тамос будааст”. Ӯ ба гуноҳи “дасиса барои анҷоми амали террористӣ” гумонбар дониста шудааст ва Шин Бет таҳқиқи парвандаи ӯро идома медиҳад.
Торномаи исроилии “Валла” моҳи сентябри соли гузашта аз боздошти як шаҳрванди дигари Исроил хабар дод, ки ба иттиҳоми барқарор кардани робита бо Эрон ва тарҳрезии “сӯиқасад ба ҷони сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва бархе аз масъулони амниятӣ” боздошт гардида буд.
Бар асоси гузориши расонаҳои исроилӣ “Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон ин шаҳрванди исроилиро барои ҳадаф қарор додани Бенямин Нетаняҳу, Ёав Галант, вазири дифои вақти Исроил ва Ронен Бар, раиси пешини Шин Бет ба хидмат гирифта буд”.
Суди Ерусалим рӯзи якшанбе, 20-уми июл ду маҷлиси муҳокимаи парвандаи фасоди Бенямин Нетаняҳуро, ки қарор буд дар ҳамин ҳафта доир шаванд, бинобар масмум шудани ғизоӣ лағв намуд.
Ба гуфтаи дафтари сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу баъди истеъмоли хӯроки фосидшуда дар шоми шанбеи гузашта ба бемории шадиди рӯда гирифтор шуда, дар зери назорати табибон қарор гирифт. Сарвазир маҷбур шуд, се рӯз дар хона, ба таври фосилавӣ корҳои давлатиро идома диҳад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”