Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Толибон чархбол ва ҳавопаймоҳоро наметавонанд аз Ӯзбекистон баргардонанд
Талошҳои ҳукумати террористии Толибон барои баргардонидани чархбол ва ҳавопаймҳои низомии артиши собиқи Афғонистон то ҳол бе натиҷа анҷом ёфтааст. Ин чархбол ва ҳавопаймоҳо дар соли 2021 баъди фурӯпошии ҳукумати вақти Афғонистон аз тарафи неруҳои артиши собиқи ин кишвар ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оварда шуда буданд.
Тибқи иттилои расонаҳо, гуфтугӯи мақомоти Толибон бо мақомоти Ӯзбекистон дар хусуси баргардондани чархбол ва ҳавопаймоҳо то ҳол натиҷа надодааст. Онҳо гуфтаанд, ки дар масъалаи боз гардонидани таҷҳизоти низомии артиши пешини Афғонистон ҳич пешрафте ба вуҷуд наомадааст.
Ситоди кулли артиши феълии Афғонистон мегӯяд, қисмати муҳимми парки ҳавоии артиши собиқи Афғонистон, ки ҳавопаймоҳои ҳамлавар ва нақлиётиро фаро мегирад, то ҳол дар хориҷ аз кишвар боқӣ мондааст.
Гурӯҳи террористии Толибон таъкид кардааст, ки ин таҷҳизот моликияти давлатии Афғонистон аст ва ин кишвар ҳаққи қонунии истифода аз он барои ҳифзи амнияти миллӣ ва ҳадафҳои ҳарбиро дорад. Толибон гуфтаанд, ки набудани чархбол ва ҳавопаймоҳо ба бунёди неруи ҳавоии мукаммал халал расонида, вобастагии онҳоро ба чархболҳои кӯҳнаи Шӯравӣ, ки ҳанӯз дар дохили кишвар фаъоланд, бештар мекунад.
Аз ҷониби дигар, мутахассисон мегӯянд, ки вазъи ҳуқуқии ҳавопаймоҳо баҳсбарангез боқӣ мондааст. Ӯзбекистон онҳоро ба ҳайси “таҷҳизоти муваққатан боздоштшуда” мешиносад. Ин дар ҳолест, ки Афғонистон боз гардонидани комили онҳоро талаб мекунад. Дар сурати набудани созиш Афғонистон метавонад бахши муҳимми қудрати ҳавоии худро, ки барои назорати марзҳо ва амалиёти башардӯстона зарур аст, аз даст диҳад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад