27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
24.07.2025 10:25

Дастрасии зудҳангом ба смартфон боиси мушкилоти равонӣ дар наврасон мегардад

Кӯдаконе, ки то синни 13-солагӣ ба истифодаи смартфон оғоз намудаанд, дар бузургсолӣ ба эҳсоси изтироб, дурӣ аз ҷомеа ва ҳатто фикрҳои худкӯшӣ бештар рӯ ба рӯ мешаванд. Ин хулосаи натиҷаи пажӯҳиши ҷаҳониест, ки дар он беш аз 100 ҳазор наврас аз 163 кишвари ҷаҳон ширкат кардаанд.

Маҷаллаи "Journal of Human Development and Capabilities", ки хулосаи ин пажӯҳишро нашр кардааст, ҳушдор медиҳад: дастрасии зудҳангом ба смартфон метавонад равони ҳанӯз шакл нагирифтаи кӯдакро дучори осебҳои ҷиддӣ созад.

Дар натиҷаи таҳлил маълум шудааст: ҳар чи зудтар кӯдак дар синни ҷавонтар ба смартфон дастрасӣ пайдо кунад, эҳтимоли мубтало шудан ба мушкилоти равонӣ дар ҷавонӣ бештар мешавад.  Тара Тягараджан, профессори маркази таҳлилии амрикоии "Sapien Labs" ва муаллифи асосии таҳқиқот мегӯяд: “Бадтарин натиҷаҳо дар миёни онҳое мушоҳида мешаванд, ки то синни 13-солагӣ смартфон ба даст гирифтаанд. Ин, махсусан, ба духтарон иртибот дорад: сатҳи изтироб ва эҳсоси дурӣ аз воқеият дар онҳо хеле баланд аст ва фикрҳои худкушӣ низ зиёд ба қайд гирифта шудаанд”.

Мутахассисон ҳолати равонии ҷавононро бо истифода аз нишондиҳандаи MHQ (Mind Health Quotient) арзёбӣ кардаанд, ки қобилияти эсҳсосӣ, маърифатӣ ва иҷтимоии инсонро месанҷад. Барои онҳое, ки дар синни 13–солагӣ ба истифодаи смартфон оғоз намудаанд, ин нишондод ба ҳисоби миёни 30 хол будааст. Аммо дар миёни онҳое, ки аз 5 то 6-солагӣ  ба смартфон дастрасӣ доштаанд, ин нишондиҳанда тақрибан ба сифр мерасад.

Духтароне, ки аз 5 то 6–солагӣ смартфон доштаанд, дар 48% ҳолатҳои худкушӣ мушоҳида шудааст. Дар гурӯҳи ҳамсиннашон, ки фақат аз 13–солагӣ телефон гирифтаанд, ин нишондод 28% - ро ташкил медиҳад. Дар миёни писарон низ фарқ ба назар мерасад: 13% дар гурӯҳи бармаҳал, муқобили 20% дар гурӯҳи дертар.

Муаллифон таъкид мекунанд, ки хатар аз худи дастгоҳ нест, балки аз дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус онҳое, ки бо истифода аз алгоритмҳои зеҳни сунъӣ кор мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, тақрибан 40% мушкилоти равонӣ дар ҷавонон, ба далели ошноии зуд бо интернет ба вуҷуд меояд, аз ҷумла шомили кибербуллинг, беназмии хоб ва сустшавии иртибот бо оила.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британия, Канада ва Австралия кӯдакон ба таври миёна дар синни 11-солагӣ смартфон мегиранд. Дар ин кишварҳо то 70% мушкилоти равонии баъдӣ, бахусус дар духтарон, ба таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ рабт дода мешавад.

Муаллифони таҳқиқот даъват кардаанд, ки барои ҳифзи равони кӯдакон чораҳои ҳуқуқӣ рӯи даст гирифта шаванд, ба мисли он чи ки дар мавриди фурӯши сигор ва машрубот вуҷуд дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.