Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муҳорибаҳои асосии ду мусобиқаи UFC муайян шуданд
Дана Уайт, роҳбари ташкилоти UFC муҳорибаҳои асосии ду мусобиқаи ояндаро эълон кард.
Бинобар иттилои Дана Уайт дар мусобиқаи UFC 320, ки 4-уми октябр баргузор мешавад, муҳорибаи такрории Магомед Анкалаев ва Алекс Перейра барои камарбанди чемпиони дар вазни нимвазнин доир мегардад.
Бояд гуфт, ки муҳорибаи якуми Магомед Анкалаевва Алекс Перейра моҳи марти соли ҷорӣ доиргашта буд ва дар он Магомед Анкалаев бо қарориякдилонаи доварон ғалаба карда, соҳибикамарбанди чемпионӣ гардид.
Пас аз эълони муҳориба Магомед Анкалаев гуфт, ки ин дафъа Алекс Перейраро накаут мекунад.
Ҳамчунин, дар мусобиқаи UFC 320 муҳорибаиунвонӣ барои камарбанди чемпионӣ дар вазни то 61 кило миёни чемпион Мераб Двалишвили ваКори Сендхаген баргузор мегардад.
Эълони дигари Дана Уайт дар мавриди мусобиқаиUFC 321 аст, ки 25-ум октябр доир мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар муҳорибаи асосии мусобиқаи UFC 321 чемпиони вазни вазнин Том Аспиналл ва довталаб Сирил Ган барои камарбанди чемпионӣ рақобат хоҳанд кард.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”