27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
“Фараж”-и чопӣ “Фараҳ”-и электронӣ шуд. Як ҳафтаномаи фаъол аз чоп монд
Дар Тоҷикистон яке аз ҳафтаномаҳои номдору хонданӣ “Фараж” дигар ба шакли чопӣ ба дасти хонанда намерасад.
Гуфта мешавад, ки “Фараж” пас аз наздики 20 соли фаъолият дигар чоп намешавад ва ин қарорро масъулин бо сабаби ба ҷойи фоида зарар оварданшарҳ додаанд.
Хуршеди Атовулло, муассиси ҳафтаномаҳои “Фараж” ва “Самак” рӯзи 23 июл ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки шакли корро дигар кардаанд ва ба ҷойи газетаи чопӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук фаъол шудаанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дигар номи “Фараж” дар кори нави онҳо нест, балки онро ба “Фараҳ” табдил додаанд.
Зикр мегардад, ки дар баробари “Фараж”, ҳафтаномаи таърихӣ-тадқиқотии “Самак” низ дигар ба шакли чопӣ нашр намешавад. Ба гуфтаиХуршеди Атовулло “Самак” 226 нусха ва “Фараж” 2500 чоп мешуданд, ки ин хеле кам асту хароҷоти худро пушонда наметавонанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаномаҳои “Фараж” ва“Самак” аз ҷумлаи газетаҳое буданд, ки дар рушдикасбии донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ваумуман журналистони ҷавон саҳми бузург доранд. Ин ду нашрия барои насли нави журналистика минбари озод ва имконот буд, ки онҳо матолибашонро бемамоният нашр мекарданд ваҳаққи қалам мегирифтанд. Ба боварӣ метавон гуфт, ки ҳеҷ рӯзномае мисли ин нашрияҳо ба ҷавонон имкон намедод.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”