Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Норасоии кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ кам шудааст
Бинобар иттилои Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 22 ҳазору 150 табиб ва 63 ҳазору 783 корманди миёнаи тиббӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба соли гузашта 2% зиёд мебошад.
Дар нишасти хабарӣ афзуда шуд, ки ҳоло таъминнокии табибон дар ҷумҳурӣ 93,6 вакормандони миёнаи тиббӣ 99,6 %- ро ташкилмедиҳад.
Гуфта мешавад, ки норасоии мутахассисони соҳаи тиб дар ҷумҳурӣ 1600 нафарро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи масъулин, асосан, норасоии табибон бештардар самти тибби оилавӣ, махсусан силшиносӣ -ренгенологҳо ва мутахассисони бемориҳои занонава ҷарроҳон дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба назар мерасад, ки аз ҳисоби кормандони соҳаи тандурустии вилоятҳо табибон ба тариқи навбатдорӣ барои хизмат расонидан ба аҳолии ин минтақаҳо равон мешаванд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар давраиҳисоботӣ 51 табиб ҷойи кори худро тарк карда, ба муҳоҷират рафтаанд, вале сарфи назар аз ин, раванди муҳоҷиршавии табибон коҳиш ёфтааст. Илова гардид, ки аз 51 нафаре, ки ба муҳоҷират рафтаанд, 31 нафари онҳо имрӯз ба Тоҷикистон баргашта, фаъолияти худро идома медиҳанд.
Дар нишаст зикр гардид, ки дар самти омодакардани кадрҳои соҳаи тандурстӣ пешравӣ ба чашммерасад. Гуфта шуд, ки соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибниСиноро 1845 нафар, Донишгоҳи давлатии тиббииХатлонро 400 нафар, Донишгоҳи миллииТоҷикистонро 694 нафар донишҷӯён ва дар умум2939 нафар маълумоти олии тиббӣ гирифтаанд, киин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 453 нафар зиёд аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”