27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
23.07.2025 19:31

Дар авҷи мушкилот муҳоҷирони ӯзбек дар ҳаҷми рекордӣ ба Ӯзбекистон пул фиристодаанд

Дар соли 2024 барои муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистон дар Русия соли бисёр душвор ва пурмушкилот буд. Дар пасманзари таҳдидҳои амниятӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ ва авҷ гирифтани эҳсосоти зидди муҳоҷирон, миллионҳо шаҳрванди Ӯзбекистон дар муқобили маҳдудиятҳои шадиди ҳуқуқиву иҷтимоӣ қарор гирифтанд. Аммо бо вуҷдуи ин фишорҳо ҳаҷми пулҳои фиристодашуда ба ватан ба сатҳи рекорд - 9, 8 миллиард доллар фақат дар давоми 10 моҳ расид.

Мақомоти Русия дар посух ба ду амали террористии пурсарусадо, ҳамла ба толори консертии “Крокус сити холл” ва қатли як мақоми баланди низомӣ тадбирҳои сахтро бар зидди муҳоҷирон роҳандозӣ карданд. Дар натиҷа, муҳоҷирон ба маҳдудиятҳои нав рӯ ба рӯ шуданд: дар як қатор вилоятҳо онҳо аз ҳуқуқи кор дар бахши налиёт, савдои нӯшокиҳои спиртӣ, хизматрасонии умум ва ҳатто дар мактабҳо маҳрум гардиданд.

Станислав Притчин, таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва робитаҳои байналмилалии Русия мегӯяд, ки ин сиёсати сахтгирона, қабл аз ҳама, аз ноамниҳои ахир бармеояд ва ба хотири “муназзамсозии муҳити муҳоҷират” роҳандозӣ гардидааст.

Президенти Русия Владимир Путин дар сафари расмии худ ба шаҳри Тошканд гуфта буд, ки “ҳуқуқу шароити меҳнатии шаҳрвандони Ӯзбекистон бояд ҳимоя шавад”. Аммо дар ҷараёни нишасти матбуотии солона ӯ гуфт, ки муҳоҷират наметавонад “ба зарари аҳолии аслии Русия” сурат гирад.

Ҳамзамон, дар поёни соли 2024 Владимир Путин фармонеро имзо намуд, ки бар асоси он ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд то поёни моҳи апрели соли 2025 мақоми худро расман ҳал ё кишварро тарк намоянд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.