Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Муғулистон ва Қирғизистон дар Бишкек нахустин форуми тиҷоратӣ баргузор мекунанд
Дар доираи сафари расмии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек масъулони ду кишвар аввалин форуми тиҷоратии дуҷониба доир карданд, ки қадами муҳим ва устувор дар рушди ҳамкорҳои иқтисодӣ хоҳад буд.
Форуми тиҷоратии Қирғизистон ва Муғулистон рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, ҳамзамон бо оғози сафари расмии Президенти Муғулистон ба шаҳри Бишкек оғоз гардида, ҳадафи асосии он рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар самтҳои мухталиф арзёбӣ мегардад.
Толкунтой Таалабекова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Қирғизистон дар ҷараёни ифтитоҳи форум, доир шудани онро як нуқтаи гардиши амалии муносибатҳои тиҷоратии ду кишвар номид. Ӯ таъкид кард, ки ин форум заминаро барои мулоқоти рӯ ба рӯ дар миёи соҳибкорони бахши хусусии ҳар ду кишвар дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, саноати хӯрокворӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва логистика фароҳам кардааст.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои ин ҳамоиш ба имзо расидани созишнома барои таъсиси “Шурои тиҷоратии Қирғизистон ва Муғолистон” мебошад. Ин шуро бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои мунтазами иқтисодӣ ва фароҳам кардани фазои муколамаи доимӣ дар миёни соҳибкорони ду кишвар таъсис ёфта, интизор меравад, нақши муҳиммеро дар рушди робитаҳои тиҷоратӣ фароҳам кунад.
Қирғизистон ва Муғулистон ҳар ду аз кишварҳои маҳрум аз баҳр дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, ки бо Русия ва Чин ҳамсарҳад буда, иқтисодиёти онҳо асосан ба соҳаҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ такя дорад. Ба назари таҳлилгарон, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба метавонад ба ҳар ду кишвар дар коҳиши вобастагӣ аз кишварҳои абарқудрат ва рушди робитаҳои мустақили иқтисодӣ мусоидат кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”