27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
23.07.2025 12:33

Бо нархи арзон ва суръати баланд. Хадамоти алоқа аз пешравиҳои алоқаи мобилӣ гуфт

Масъулини Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ аз поин рафтани арзиш ва баланд шудани суръати интернет дар кишвар хабар доданд.

“Дар натиҷаи тадриҷан беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ва танзими оқилонаи нархҳо, арзиши миёнаи интернет бо суръати 1 Мбит/с ба 17,63 сомонӣ коҳиш ёфта, нархи миёнаи 1 ГБ бастаи интернети мобилӣ ба 2,5 сомонӣ ё 0,25 доллари ИМА расонида шуд”, - гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 23-юми июл доир гардид.

Афзуда шуд, ки аз 15-уми июли соли ҷорӣ суръати ҳадди ақали интернет ба 15 Мбит/с баробар гардида, то охири соли ҷорӣ суръати интернет ба 30 Мбит/с ва дар се соли оянда ин нишондод ба 100 Мбит/с расонида мешавад.

Гуфта шуд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 7,8 миллион муштариёни умумии алоқаи мобилӣ ва 5,6 миллион муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.

Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 5,1 миллионро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 4,9 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд. Ин нишондод нисбат ба шаш моҳи қаблӣ 600 ҳазор нафар истифодабаранда зиёд шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ, дар ин давра даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ расонида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 14,2 фоиз зиёд шудааст.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.