27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
23.07.2025 12:25

Дар Душанбе аввалин Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор шуд

22-уми июл дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ доир гардид. Дар кори он намояндагони кишварҳои минтақа, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони соҳа ва доираҳои соҳибкорӣ ширкат намуданд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳамкории Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия доир гардид.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода гуфт, ки Тоҷикистон сиёсати иқтисодии минтақавиро дар заминаи ҳамгироии устувор ва шарикии баробар бо кишварҳои ҳасмоя амалӣ мекунад. Ӯ афзуд, ки ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ ба рушди иқтисоди “сабз”, рақамикунӣ ва ҳамгироии саноатии кишварҳои минтақа асос ёфтааст.

Дар сессияи форум масъалаҳои муҳимми минтақаҳои озоди иқтисодӣ, паркҳои саноатӣ ва рақамӣ, ҳамчунин, рушди кластерҳои саноатӣ ва истифодаи платформаҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аҳлиддин Нуриддинзода дар ҷараёни суханронии худ ба зарурати мутобиқсозии қолабҳои ҳамкориҳо дар шароити нави иқтисодии байниминтақавӣ ва талаботи рушди устувор таъкид кард.

Сессияи дигар, ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ба воситаи рақамикунонӣ, ширкати занон дар иқтисодиёт ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бахшида шуда буданд.

Дар ҳошияи форум панҷ ёддошти созишномаи ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ниҳодҳои соҳибкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, миёни минтақаҳои озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва “Суғд” бо Шурои соҳибкорони Тоҷикистон ва Русия ва робитаҳои нави “Кӯлоб”, “Данғара” ва “Панҷ” бо минтақаҳои озоди иқтисодии “Навоӣ” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.