Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Раиси амнияти Ӯзбекистон бо вазири дифои Толибон мулоқот кард
Баҳодур Қурбонов, раиси Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон рӯзи 21-уми июл бо сарпарасти Вазорати дифои гурӯҳи террористии Толибон Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид дар хусуси мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир гуфтугӯ кард.
Тибқи иттилои манбаъ, раиси Хадамоти давлатии Ӯзбекистон аз сатҳи амният ва рушди иқтисодӣ дар Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро таъкид намудааст.
Дар посух ба ин хоста, Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид ба Ӯзбекистон барои “мавқеи созандааш дар минбарҳои ҷаҳонӣ нисбат ба Афғонистон” изҳори сипосгузорӣ намуда, густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвари ҳамсояро муҳим хондааст.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои марзӣ, рушди инфрасохтор ва дигар мавзуъҳо баррасӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи феврал иҷрокунандаи вазифаи муовини сарвазири Афғонистон Мулло Абдулғанӣ Бародар ба Ӯзбекистон сафари расмӣ анҷом дод ва бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов мулоқот анҷом дод. Дар ин саафар дар бораи кам кардани боҷи гумрукӣ ба 10 навъи мол, сармоягузории Ӯзбекистон ба соҳаҳои истихроҷи газ ва истеҳсоли семент, ҳамчунин, коҳиши арзиши хати интиқоли барқ ба маблағи 30 миллион доллар ва дигар масъалаҳо созишномаҳо ба имзо расиданд.
Ҳамчунин, дар аввали моҳи июл Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ бо Мулло Бародар мулоқот анҷом додааст.
Афғонистон тасмим гирифт, ки гардиши молро бо Ӯзбекистон то ба 2 миллиард доллар расонад ва содирот ба Осиёи Марказӣ ва Русияро афзоиш диҳад.
Ӯзбекистон омодагии худро барои содироти бештари неруи барқ, сармоягузорӣ ба бунёди фабрикаҳои нассоҷӣ, корхонаҳои семент, корхонаҳои коркарди нафт ва истихроҷу коркарди намак иброз доштааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”