Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Президенти Эрон: "Ҳуқуқи башар дурӯғе беш нест"
Масъуд Пизишкиён, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар як суханронӣ дар маросими гиромидошти шаҳидони фарҳангу ҳунар ва расонаҳо бо интиқод аз дугонагии меъёрҳои байналмилалӣ ва сохтакории мафҳуми ҳуқуқи башар онро “дурӯғи беш” хонд.
"Дар ҷаҳони имрӯз, ки худро фарҳангӣ меноманд, дар назди чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои обу ғизоро ба рӯи мардуми мазлум бастаанд ва қатли омми занону кӯдаконро рӯшан анҷом медиҳанд, аммо ҳамзамон аз ҳуқуқи башар ҳарф мезананд. Ин дар ҳолест, ки худашон аз Фаластину Лубнон то Эрону Сурия ҳама меъёрҳои байналмилалиро поймол мекунанд” - гуфт Масъуд Пизишкиён.
Президенти Эрон бо ишора ба ҳамлаҳои ахири Исроил ва Амрико гуфт, ба баҳонаи сохтани бомбаи атомӣ, ки ба гуфтаи ӯ, “дурӯғе беш нест”, ба бемористонҳову манзилҳои шаҳрвандӣ ҳамла бурданд ва ғайринизомиёнро ҳадаф қарор доданд.
Ӯ гуфт, ки “душманон намехоҳанд Эрон кишвари мустақил ва тавонманд бошад”, аммо миллати Эрон ҳич гоҳ сари таассур ва таарруз хам нахоҳанд кард. “Мо миннатдори мардуми вафодору фидоии хешем, ки бо вуҷуди норозигиҳо дар рӯзҳои душвор пушти Ватан истодаанд ва онро танҳо нагузоштанд”- зикр кард Масъуд Пизишкиён.
Масъуд Пизишкиён гуфт, ки зери парчами хидмат ба мардум то даме, ки нафас мекашанд, ба ин роҳ идома хоҳанд дод ва ҳамаи тавонро барои дифоъ аз истиқлол ва шарафи миллӣ ба кор хоҳанд бурд.
Масъуд Пизишкиён ҳамзамон бо ишора ба вазъи фоҷеабори кӯдакон дар Ғазза гуфт, ки “имрӯз дар назди чашми ҷаҳониён кӯдакон аз гуруснагӣ мемиранд, дар ҳоле ки созмонҳои мавриди ҳимояти ҳуқуқи кӯдакон ва занон амалан коре намекунанд. Ин фоҷеа аст, ки наметавон чашм пӯшид”.
Ӯ бошиддат аз сиёсати хомӯшии кишварҳои Аврупо интиқод намуда, гуфт, ки “чӣ гуна метавон бо вуҷуди шоҳиди ин ҳама фоҷеа будан, боз ҳам аз демократия ва ҳуқуқи башар ҳарф зад? Оё чунин иддаоҳоро метавон ҷиддӣ гирифт?”
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”