Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Таъйиноти кадрӣ: Аз Агентии назорати маводи нашъаовар то Кумитаи дин
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар сохторҳои низомию қудратӣ тағйироти кадрӣ шуд. Ба иттилои манбаъ, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо”, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовар, Муовини якуми раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини якуми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия кадрҳои соҳибтахассус ва ҷавону варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд.
Гуфта мешавад, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, кадрҳои корозмудаи ин соҳаҳо ба вазифаҳои командирони қисмҳои низомӣ, комиссарони ҳарбӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои Вазорати мудофиа, роҳбарияти чанде аз раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раёсату шуъбаҳои он дар якчанд шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои гуногуни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва роҳбарони муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва ноҳияи Ёвон таъин карда шуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарию фармондеҳӣ дар сохторҳои низомию қудратӣ таъиншуда ба хизмати софдилонаю содиқона ба мардум ва давлат, муомилаи хуб бо мардум, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, дуруст ба роҳ мондани мубориза бо ҷинояткорӣ, дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва бо касбияти баланд тарбия намудани кадрҳои ҷавон ва дар маҷмуъ ба омодагии ҳамаҷониба ба ҳифзи марзу бум ва амну суботи кишвар ҳидоят намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”